БОЛБостоншиносе ки дар фазои маҷозӣ забон меомӯзонад

Бостоншиносе ки дар фазои маҷозӣ забон меомӯзонад

-

Лутфулло Элмуродов Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакентро бо ихтисоси таърих ва бостоншиносӣ хатм намуда, ҳоло магистранти Донишгоҳи давлатии Алтай дар шаҳри Барнаул аст. Ӯ давраи асримиёнагии Панҷакенти қадимаро меомӯзад ва соли панҷум аст, ки дар тадқиқотҳои бостоншиносӣ ширкат дошта, ният дорад ин ёдгориро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Ҳамчунин қаҳрамони мо дар “YouTube”, “Instagram” ва “Telegram” ба ҳамватанонамон забони русӣ меомӯзад. Ин хадамоти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ройгон ва пулакӣ ҳастанд. Ҳоло дар “Instagram” зиёда аз 70 ҳазор обуначӣ дошта, ба онҳо доир ба муҳимияти забономӯзӣ маъмулот медиҳад.

Мо бо Лутфулло дар барномаи “Бол” доир ба таҳсил, таърих, шабакаҳои иҷтимоӣ ва омӯзишу омӯзонидани забони русӣ суҳбат кардем.

«Мушоҳида мекардам, ки бархе ҳамватанони мо дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, вале мутаассифона, забони русиро намедонанд. Бинобар ин, хостам донишҳои худро дар бораи ин забон ба дигарон қисмат намоям.», — гуфт Лутфулло.

Ӯ ҳамарӯза   тариқи “YouTube”, “Instagram” ва “Telegram” маводи омӯзишӣ нашр мекунад, аммо ба бовари ӯ, барои омӯхтани забони русӣ ин маълумот кам аст. Яъне, маълумоти ироашаванда барои забономӯзон маводи иловагӣ метавонад бошад.

«Асосан наворҳои омӯзиши бо тартиби муайян дар “YouTube” муайян мавҷуданд. Дар “Instagram” наворҳои тӯлонӣ натиҷаи мусбат намедиҳад. Ба ин хотир, ҳоло дар он ба омӯзонидани калимаву ибора ва ҷумлаҳои лозимию серистеъмол машғул ҳастем.», — илова кард ӯ.

Лутфулло ҳамроҳ бо як муаллимаи забони англисӣ бо номи Даря охири моҳи гузашта дар “YouTube” ва “Telegram” дарсҳои онлайнии худро оғоз кард. Дарсҳо бо барномаи “GOOGLE MEET” мегузарад. Айни ҳол ҳудуди 30 нафар дар ду гуруҳ ин забони хориҷиро меомӯзанд. Ҳамаи онҳо шаҳрванди Тоҷикистон буда, бархе дар Русия қарор доранд.

«Ба наздикӣ китоби дуюмам бо номи “Русский язык для начинающих” бо теъдоди 400 нусха ба дасти чоп мерасад. Китоби мазкур аз 319 саҳифа иборат буда, 60 дарсро фаро мегирад. Китоб дорои грамматикаи пурраи забони русӣ, муколама дар 60 мавзӯъ ва 4000 ҳазор луғат мебошад.», — иттилоъ дод Лутфулло.

Лутфулло донандаи забони англисиро низ меомӯзад ва дорандаи гувоҳномаи зинаи “Pre-intermediate” аст.

Интихоби риштаи бостоншиносӣ таваккалӣ набуда, даврони мактабхонӣ таърихро дӯст медоштааст ва дар олимпиадаҳои мактабӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекардааст.

«Ҳамон шӯру шавқу маро ба Донишкадаи омӯзгории Панҷакент ва сипас ба Русия овард.»,-афзӯд ӯ. 

Лутфулло моҳи декабри имсол ба дидорбинии волидонаш меояд ва тобистони соли оянда барои иштирок дар тадқиқотҳои  бостоншиносӣ хоҳад омад. 

Оянда дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва макотиби олии кишвар фаъолият кардан мехоҳад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
24
+1
3
+1
1
+1
1
+1
2
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

10 ҳазор ташхиси ВНМО, беш аз 4 миллион вояи ваксина ва 78 миллион доллар сармоягузорӣ: мероси 35-солаи ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ

Дар 35 соли муносибатҳои дипломатӣ Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои гуногун густариш додаанд. Яке аз...

Шавҳарашро аз муҳоҷират баргардонд. Қиссаи бонуи занбӯриасалпарвар

Зулфиза Қобилова дар гармии тоқатфарсои Айвоҷ бо меҳнату сабурӣ аз ду қуттии хурди занбӯр як кори хонаводагии даромаднок сохт. Замоне...

Тадқиқоти нав: Meta ба ҳисоби миёна 25 аз 35 навъи эҳтимолии маълумотро ҷамъоварӣ мекунанд

Тадқиқоти нави Surfshark нишон медиҳад, ки барномаҳои ширкати Meta метавонанд нисбат ба дигар бузургҷуссаҳои соҳаи технология маълумоти бештари корбаронро...

Пиразан сармояи ночизи худро барои роҳсозӣ харҷ кардан хост

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ аз як ҳодисаи таъсирбахш ёдовар шуд, ки ба гуфтаи ӯ, нишондиҳандаи...
spot_imgspot_img

Тоҷикистон ба рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ мегузарад: маълумотро танҳо як бор талаб мекунанд

Дар Тоҷикистон гузариш ба хизматрасониҳои пурраи электронӣ, ҳамгироии махзанҳои давлатӣ ва коҳиши расмиёти коғазӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии...

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад