ЗАБОНОМӮЗӢЗабони англисӣ Олимҷону Таҳминаро ба ҳам овард

Забони англисӣ Олимҷону Таҳминаро ба ҳам овард

-

Олимҷон ба шогирдон дарс мегӯяд. Аксҳо аз бойгонии қаҳрамонҳо

То чанд соли пеш мо танҳо дар мактаб ва аз дарсҳои иловагӣ забонҳои хориҷиро меомӯхтем. Ҳоло ҳар нафар имкон дорад дар марказҳои забономӯзӣ ва ҳатто аз хона берун нашуда дилхоҳ забонро дар вақти барояш муносиб омӯзад.

Ин раванд дар Тоҷикистон низ маъмул мегардад ва кори Олимҷону Таҳмина тариқи интернет омӯзонидани як забони хориҷӣ аст.

Раванди дарсгӯии Таҳмина

Олимҷон Ҷураев ва ҳамсараш Таҳмина Саидова омӯзгорӣ мекунанд. Олимҷон Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Таҳмина Донишгоҳи славяниро хатм намудааст. Ҳар ду аз рӯйи ихтисос забоншинос – тарҷумони забони англисӣ буда, зиёда аз 5 сол мешавад, ки ба мардум забони англисӣ меомӯзанд.  

Олимҷон аз даврони кӯдакӣ мусиқии Амрикоро гӯш медод, бозиҳои компютерӣ, филмҳо, китобҳои бадеӣ, комиксҳои англисиро гирдоварӣ мекард. Вале Таҳмина ибтидо духтур шудан мехост, лекин падараш розӣ набуд. Бинобар ин, Таҳмина ба омӯзиши забони англисӣ пардохт…

“Ибтидо дар як маркази забономӯзӣ фаъолият мекардем, вале тасмим гирифтем, ки тариқи “онлайн” дарс диҳем. Ҳоло аз Амрикову Аврупо ва Русия шогирдони зиёд дорем.”,-мегӯяд Олимҷон. 

Ҳамчунин дар “Instagram” саҳифаеро бо номи “JSENG” боз кардаанд, ки беш аз 40 ҳазор обуначӣ онро пайгирӣ мекунад.

Маросими издивоҷ

“Мо замони карантин оиладор шудем. Он вақт ба ин натиҷа расидем, ки донишҳои хешро ба наврасону ҷавонон қисмат намоем. Ҳамин тавр, чандин наворҳои омӯзишӣ дар “YouTube” нашр кардем ва сипас ба “Instagram” рӯй оварда, саҳифаамонро дар ин шабака JSENG номгузорӣ кардем. Маҳфуми “JSENG” акроним буда ҳарфи аввал “J” – Juraev (насаби Олимҷон),  “S” – Saidova (насаби ман) ва “ENG”- English –англисӣ аст.», — афзуд Таҳмина.

Акси хонаводагӣ

Ҳоло дар “Instagram” наворҳои кӯтоҳ нашр мекунанд ва дар ҳар навор калима, ибора ва ё ҷумлаи англисӣ меомӯзонанд.

Ин оилаи ҷавон мегӯяд, аз наворҳои “Instagram” наметавон забонро пурра омӯхт, вале ҳамчун дониши иловагӣ истифода кард.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
14
+1
32
+1
1
+1
4
+1
3
+1
1
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад