МУВАФФАҚИЯТМаск бо Твиттер ба созиш мерасанд?

Маск бо Твиттер ба созиш мерасанд?

-

Илон Маск ва Твиттер метавонанд дар рӯзҳои наздик ба созиш бирасанд то баҳсҳои худро хотима диҳанд ва роҳро барои сарватмандтарин шахси ҷаҳон барои муомилоти 44 миллиард долларӣ бо ин шабакаи иҷтимоӣ ҳамвор намоянд.
Маск, ки ҳамзамон директори иҷроияи ширкати электромобилҳои Tesla аст, ахиран ба Твиттер пешниҳод кард, ки агар Twitter аз даъвои худ бар зидди ӯ даст кашад, ӯ масири худро тағйир дода, ба созишномаи моҳи апрели худ бармегардад.
Бо вуҷуди ин, ҳайати ҳуқуқии Твиттер ҳанӯз ҳеҷ гуна созишро қабул накардааст ва Каталин МакКормик, судяи Суди Делавэр мегӯяд, вай ба мурофиаи наздикшуда омодагӣ мегирад.

«Тарафҳо шарти боздоштани ин амалро пешниҳод накардаанд ва ҳеҷ як тараф  ҳаракат накардааст, аз ин рӯ, мурофиаи судии мо 17 октябри соли 2022 идома мекунад»,- хабар додааст ин судя.
Намояндагони Маск ва Твиттер дар ҳафтаҳои охир чанд музокироти бенатиҷаро дар бораи коҳиши эҳтимолии нархи тавофуқи 44 миллиард долларӣ анҷом додаанд. Маск дар аввал 30% тахфиф мехост ва баъдан  ба 10% низ розӣ буд, вале дархост аз ҷониби Twitter рад карда шуд.

Акс аз bbc

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад