БОЛТағаймурод дар Лондон. Чаро кори кишоварзиро ба меҳмонхонадорӣ иваз...

Тағаймурод дар Лондон. Чаро кори кишоварзиро ба меҳмонхонадорӣ иваз кард?

-

Тағаймурод Шоинов меҳмони навбатии барномаи “Бол” аст. Ӯ бо раводиди корӣ барои кор дар бахши кишоварзӣ ба Бринтанияи Кабир рафт, вале он ҷо камтар аз ду моҳ кор карду халос. Ҳоло дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Лондон фаъолият мекунад.

“Ростӣ, тарки кори кишоварзӣ (берун шудан аз ферма) душвор нест, вале шояд баъд аз шаш моҳ ба Лондон рафта натавонем. Кори фермаро нафароне тарк мекунанд, ки забони англисӣ медонанд ва имконоти зиёдтар пайдо кардан мехоҳанд.”,-нақл кард Тағоймурод.

Ӯ мегӯяд, агарчи кори кишвоварзӣ душвор нест, вале ба хотири кам будани соати  корӣ пайи имконоти бештар шуд. Зеро, пардохти маблағ соатбайъ аст.

Дар асоси раводид 2 моҳи дигар ҳақ дорад, ки дар қаламрави Британияи Кабир бошад.

Аксҳо аз бойгонии қаҳрамон

“То охири ноябр ҳақ дорам дар ин кишвар бошам. Дар сурати мусоидати маъмурияти меҳмонхона имкони тамдиди раводид вуҷуд дорад. Хушбахтона, гуфтанд, ки барои ин кор мусоидат мекунанд.”, — афзӯд Шоинов.

Қаҳрамони мо хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ буда, 2 сол таҷрибаи омӯзгорӣ дорад. Ӯ замони донишҷӯӣ дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Душанбе аз фанни забони англисӣ ба хонандагони мактаб дарс гуфтааст.

Ҳоло дар “Instagram” ду саҳифа дорад, ки  аввалӣ ҳудуди 50 ҳазор ва дуввумӣ наздики 10 ҳазор обуначӣ дорад. Дар саҳифаи аввал доир ба кору зиндагӣ дар Лондон маълумот медиҳаду дар саҳифаи дуввум ба мардум забони англисӣ меомӯзад.

“Тариқи интернет имкони забони англисиро аз худ кардан вуҷуд дорад. Бинобар ин, саҳифаи хешро дар “Instagram” боз кардам. Дар мавриди ёрӣ ба ҳамватанон барои пайдо кардани кор дар Лондон ҳар маълумоте дорам, пешниҳод мекунам. Ин корҳоест, ки барои мардумам анҷом дода метавонам.”, — мегӯяд Тағоймурод.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад