МУВАФФАҚИЯТРақиби нави Нурулло Алиев кист?

Рақиби нави Нурулло Алиев кист?

-

Паёми Нурулло Алиев дар саҳифаи инстаграм. https://www.instagram.com/p/CieUcWUDKfL/

20 сентябр Нурулло Алиев рақобат мекунад, аммо на бо Наир Меликяни арманӣ, балки бо як размкори амрикоӣ.

Нурулло Алиев, варзишкори муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук тариқи саҳифаи хеш дар инстаграм рақиби нави хеш-Ҷош Вики амрикоии 27-соларо муаррифӣ кард.

Ҷош Вик 12 пирӯзӣ ва панҷ бохт дорад. Ӯ дар созмонҳои гуногун мубориза намуда, як разми хешро дар ташкилоти амрикоии Bellator анҷом додааст.

Қарор буд, ки 20 сентябр Нурулло Алиев бо Наир Меликян дар варзишгоҳи «UFC Apex»-и Лос Вегас дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White’s Contender Series рақобат мекарданд. Аммо Наир Меликян раводиди Амрикоро дастрас накард, бинобар ин, муҳориба бекор шуд. 

Нурулло Алиев охирин муборизаи худро моҳи сентябри соли 2021 дар мусобиқаи AMC Fight Nights & Eagle FC анҷом дода Кирилл Крюковро мағлуб карда буд. Ӯ шаш ғалаба ва ҳеҷ бохт надорад.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад