CАЙЁҲАТТалош барои ҳадаф ва Амрикои имкониятҳо

Талош барои ҳадаф ва Амрикои имкониятҳо

-

Наздикиҳои намози аср ба вақти Олмон муҳаррики ҳавопаймои BOEING 767-300 хатсайри DE2074-и ширкати ҳавопаймоии Сondor аз фурӯдгоҳи байналмилалии Франкфурти Майн ба гардиш даромад ва пас аз чанд сонияи ҳаракат дар замин бо як овози ғулғуладор ба ҳаво хест. Ҳавопаймои мусофирбар аз тариқи ҳарими ҳамоии кишварҳои қораи Аврупо ва уқёнуси Анлантика 9 соату 15 дақиқа парвоз намуд ва нимашаб ба фурӯдгоҳи байналмилалии Балтимор/Вашингтон нишаст.
Тафтиши шиноснома ва раводиди мусофирон оғоз ёфт. Дар кишварҳои Аврупо ду тарзи тафтиши ҳуҷҷатҳо вуҷуд дорад, ки яке тариқи онлайн бо QR барои шаҳрвандон ва онҳое, ки иқомати доимӣ доранд ва дувум тариқи анъанавӣ барои мусофирон, ки бо раводид сафар кардаанд. Ҳамин ду усули тафтиш дар фурӯдгоҳ дар Амрико низ роиҷ аст ва ман ба гурӯҳи дуюми мусофирон пайвастам. Марди африқо-амрикоӣ пас дидани шиносномаи хориҷӣ ва раводид дарҳол бастаи ҳуҷҷатҳоро пурсид, ки вақти гирифтани раводид аз консулгарии ИМА дар Варшава ба ман дода буданд. Бастаи ҳуҷҷатҳоро гирифта ба дигар назоратчӣ дод ва ӯ маро аз паси худ ба дигар толор бурд. То аз назаргузаронии ҳуҷҷатҳо ман бағоҷро гирифта омадам. Он пулиси ришу мӯяш зарди айнакдор маро фарёд карда чанд суол дод ва пас аз посух гирифтан ду муҳр ба шиноснома гузошту бо табассум “Welcome to USA” гуфту роҳи баромадро нишод дод.
Шукри Худо, ки бародар ва дӯсти наздики мо (байни ману ӯ ва Худованд боқӣ монад некиҳояш) барои будубоши муваққатии мо кӯмак кард ва барои расидан ба Амрико аз рӯзҳои аввал ёрдами худро дареғ надошт. Ҳоло дар меҳмонхонаи Hilton-и шаҳраки Искардарияи иёлоти Вирҷиния исти чандрӯзина бо як бародари тоҷик намудем.
Роҳи омадан ба Амрико низ барои ман ва чанд гурӯҳи дӯстонам агарчанде ки бо роҳи қонунӣ буд, хеле мушкил ва пурмашаққат афтод. Дар ин як солу чаҳор моҳи заҳматҳову сарсониҳо ибратҳои зиёдеро дар зиндагӣ аз худ кардем. Алалхусус таҷрибаҳои муваффақкеро дар роҳи кор бо сафаратхонаҳо ва сафари пайдарпайи кишварҳоро ба даст овардем. Сафари панҷмоҳаи Маскав – Русия, серӯзина сафари пурбарори Тошкент – Ӯзбекистон, сафари ҳалкунанда ва муҳими Варшава – Лаҳистон ва вуруду парвозу саёҳат тариқи шаҳрҳои Мюнхен – Берлин – Франкфурти Майни Олмон бароям аз муҳимтаринҳо ба шумор меравад.
Пас аз истироҳати чандрӯзина имрӯз ба сайёҳати Вашингтон баромадем. Аз Кохи Сафед, ёдгории Вашингтон, ёдгорӣ ва тандиси Авраам Линколн, силсила осорхонаҳои хиёбони миллӣ, Капитолий, Суди олӣ ва Пентагон бинои Вазорати дифои Амрико дидан кардем. Ҳудуди 80%-и маконҳои диданӣ ва осорхонаҳои Вашингтон ройгон аст ва мо аз ин иқдом истифода бурда ду чипта барои дидани шаҳр аз манораи ёдбудии Вашингтон гирифтем. Амрикоиҳо ин манораро барои ёдбуди падари худ ва асосгузор ва Президенти якуми Амрико — Ҷорч Вашингтон бино кардаанд. Мо аз баландтарин бинои пойтахт тамоми намои Вашингтонро аз тирезаҳои ин манора дидем ва манзараи нотакроре аз ин баландии 169 метр намудор буд. Вашингтон шаҳри марказӣ, идорӣ, ҳарбӣ ва таърихӣ мебошад. Мо ҳатман ба ин шаҳр боз мегардем ва умед дорем ин боздид охиринаш нахоҳад буд.
Амрикоро кишвари орзуҳо ва имкониятҳо мегӯянд ва мо низ мекушем то аз имконоти он самаракон истофода барем. Исти мо акнун ба муҳалати номуайян дар сарзамини Амрико хоҳад буд.
Дуруди Худованд ба шумо дӯстон аз ин сӯйи уқёнус!
Alhamdulillah for everything
Кохи Сафед
Вашингтон
Ҳавзаи Колумбия
Иёлоти Муттаҳида
Амрикои Шимолӣ
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
16
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад