БОЛДилшод роҳнамо надошт. Акнун мехоҳад барои довталабон ва донишгоҳ...

Дилшод роҳнамо надошт. Акнун мехоҳад барои довталабон ва донишгоҳ пуле бошад

-

Дар барномаи навбатии «Бол» бо Дилшод Ҳамробоев, фориғутаҳсили Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ бобати кору зиндагӣ ва нақшаҳои ояндааш суҳбат намудем.

Дилшод соли 2017 тариқи барномаи American University of Central Asia ба ин донишгоҳ роҳ ёфт. Вале ин раванд муқаррарӣ ва осон набуд.

“Ман як сол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил кардам. Пас аз он барои дохил шудан ба Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ ҳуҷҷатҳоямро супурдам. Аммо дар имтиҳони қабул ҷавобҳои ман бо як довталаби дигар монанд будааст ва ман ноком шудам. Агарчи ҳар як довталаб дар пушти мизи алоҳида менишастанд.

Барномаи дигареро интихоб кардам, ки идрорпулии 5-сола дошт, яъне, 1 сол давраи омодагӣ ва 4 сол таҳсил дар зинаи бакалавр. Тариқи ин барнома ба донишгоҳ дохил шуда, инак, онро хатм кардам.”,-нақл кард Дилшод.

Донишгоҳ ба донишҷӯён ҳақ медод, ки фанҳоро худ интихоб намоянд. Ҳамин буд, ки Дилшод дар ибтидо риштаи сиёсатро интихоб, вале пас аз соли дуюм ба факултаи кино-режессура гузашт.  

Ӯ дар соли 2021 ба ташкилоте, ки ҷавонони Осиё Марказиро барои ҳалли масоили иҷтимоӣ муттаҳид мекунад ҳамчун мутахассиси SMM ба кор пардохт ва то ҳол фаъолият мекунад.

“Тибқи шартнома то моҳи сентябр бояд корро идома диҳам ва баъд аз он метавонам ҳамкориро тамдид ё қатъ намоям. Аммо мехоҳам ба Тоҷикистон баргардам. Зеро, баҳор барои иштирок дар як барнома ба Фаронса меравам. Ростӣ, ин корамро дӯст медорам, вале бо сабабҳои маълум шояд дигар ба Бишкек омада наметавонам. Шояд дар Ватан медиа-лоиҳаи хешро амалӣ намояму тибқи ихтисоси гирифтаам фаъолиятамро ба роҳ монам.”,-гуфт Дилшод.

Ин ҷавони тоҷик дар шабакаи YouTube саҳифа дошта, барои дохил шудан ба Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ ба ҷавонон машварат медиҳад.

“Замони довталаб буданам касеро пайдо накардам, ки роҳнамоӣ кунад. Бинобар ин, тасмим гирифтам, ки дар ин масъала миёни ҳамватанон ва донишгоҳ нақши пулро иҷро намоям. Хушбахтона, то имрӯз дар YouTube ва Instagram ба обуначиҳоям маслиҳат медиҳам, тариқи Zoom суҳбатҳо доир мекунем. Аз соли 2021 бо як дӯстам дарсҳои пулакиро роҳандозӣ намудем. Барномаи 3 -рӯзаи мо ҳамагӣ 4 доллар буда, ин муддат бачаҳо маълумоти заруриро бобати чӣ гуна дохил шудан ба донишгоҳи мо ба даст меорданд.”,- иттилоъ дод ӯ.

Дилшод мехоҳад соҳаи киноро дар кишвар тақвият бахшида, филмҳои хуби ҳуҷҷатӣ таҳия намояд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
10
+1
8
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад