МУВАФФАҚИЯТМатлуба Каримова: кам шудани духтарони варзишгар чанд омил дорад

Матлуба Каримова: кам шудани духтарони варзишгар чанд омил дорад

-

Матлуба Каримова мураббии варзиш буда, шогирдони зиёде дорад. Бо шарофати ӯ Федератсияи “Пенҷак-Силат” дар Тоҷикистон ба фаъолият пардохт ва роҳбарии ин ниҳод ба дӯши Матлуба Каримова аст.

Ӯ қаҳрамони бисёркаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи муҳорибаҳои тан ба тану универсалӣ, дорандаи нишони нуқраи бозиҳои зимистона оид ба унифайти ғайрикасбӣ, ҷоизадори чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, мураббии шоистаи ҷумҳурӣ оид ба муҳорибаҳои тан ба тан, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоқикистон оид ба бокс, дорандаи камарбанди сиёҳ, узви кумитаи иҷроияи Федератсияи Унифайти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии пойтахт мебошад.

Ба бовар ӯ, варзишгароне, ки ҷиддан тамрин мекунанд ва ба обу тоби бадан машғуланд, аз дигар қишри ҷомеа тафовут доранд, алалхусус, ҳангоми муошират бисёр боэҳтиромона муносибат мекунанд ва солим ҳастанд.

Матлуба дар баробари  тамрини бадан ба шогирдон дарси ахлоқ низ мегузарад. Онҳоро ба сайру гашт ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ мебарад. Матлуба мегӯяд, талошҳояш ба он хотир аст, ки насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёбанд.

Сабаби омилҳои кам гардидани ҷавондухтарони варзишгарро ӯ чунин шаҳр дод:

-Сабаби якум, танбалшавии занону духтарони ҷомеаи мост, ки ба корҳои ҷисмонӣ камтар машғул мешаванд ва бадани хешро обу тоб намедиҳанду дӯстдори хобу истироҳатанд. Дуюм, ин тафаккури ҷомеа аст. Агарчи мо ҷомеаамонро пешрафта медонем, вале вақте мебинанд, ки духтар ба толори варзишӣ меравад, дарҳол ба паст задани шаъну шарафи ӯ шурӯъ мекунанд. Ин рӯҳияи ҷавондухтаронро шикаста, аз варзиш дур мекунад. Агарчи солимии оила аз модар вобаста аст. Агар модар солиму тарбиятдида бошад, бо хости Худо фарзандони солим ва боадабро ба камол мерасонад. Омили сеюм, ин кам будани дастгириҳост.

Инчунин теъдоди мураббиҳо аз ҳисоби занон кам буда, боис мегардад, ки духтарон камтар ба варзиш рӯй оранд. Зеро, бисёре аз духтарон мехоҳанд зери зан тамрин намоянд.

Шарҳи ҳол:

Матлуба Каримова  7-уми марти соли 1990 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи варзишгар чашм ба олам кушодааст. Ба нақли ин бону, дар муҳити солиме ба камол расидааст. Зеро, падар ва бародараш варзишгар ҳастанд.

Муҳаммад Маҳмадзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад