CАЙЁҲАТФарҳод беш аз 30 қуллаи баланди ҷаҳонро фатҳ кардааст...

Фарҳод беш аз 30 қуллаи баланди ҷаҳонро фатҳ кардааст (Видео)

-

8 август Рӯзи ҷаҳонии куҳнавардон аст. Қаҳрамони навбатии мо яке аз куҳнавардони муваффақ ва ҷавон аст, ки ин навбат дар бораи кору пайкори ӯ қисса мекунем.

Фарҳод Муминов 32 сол дошта, зодаи шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аст. Даврони мактабхониаш падарашро аз даст медиҳад. Модар ба танҳоӣ Фарҳод, се хоҳар ва бародарашро ба воя мерасонад.

Ӯ тариқи бурсияи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Точикистон ба номи устод С. Айни дохил шуда, ҳамагӣ як сол таҳсил мекунад. Дар рафти таҳсил ба ин натиҷа мерасад, ки имкони таҳсили ройгон дар хориҷ вуҷуд дорад. Пас аз як соли таҳсил дар ДДОТ, соли 2009 ба Донишгоҳи давлати Адигеяи Федерасияи Русия дохил шуда, онро хатм намуда, пас аз ин дар риштаи забономӯзӣ таҳсилашр идома медиҳад. Ҳамчунин курсҳои гуногуни сайёҳати куҳнавардӣ, илмҳои табиатшиносӣ ва ғайраро мегузарад. Маҳз ҳамин қадамҳои дуруст буд, ки дар рафти таҳсил ва пас аз он ба беш аз 20 давлати дунё сафар намуда, қуллаҳои баланди куҳҳои онҳоро фатҳ намуда, парчами кишварамонро гузоштааст.
Интихоби куҳнавардрӣ ба он хотир буд, ки онро аз туфулият дӯст медошт. “Бо куҳнавардӣ орзуи бачагии хешро амалӣ кунам. Маконҳоеро, ки даврони мактабӣ дар китобҳо дар бораашон мехондаму аксҳояшро медидам, аз наздик дидам. Дар китобҳои ҷуғрофия дар бораи куҳҳои балантарини Африқо ба номи Климанджаро, шаршараи Виктория, қуллаи Элбрус маълумот гирифта будам. Куҳнавардӣ ба ман имконият дод, ки онҳоро бо чашми сар бубинам… Қуллаи балантарини Аврупо- Элбрусро (5542м) солҳои 2010-2011 фатҳ намуда, парчами ватани азизам-Тоҷикистонро парафшон кардам. Дар умум, беш аз 30 бор ба қуллаҳои баланди куҳҳо баромадаам.
Шогирдони зиёдеро дар Русия тарбия кардааст. Як соли охир дар Ватан зиндагӣ мекунад ва дар инҷо низ ҳавасмандон пайдо шудаанд.
Фарҳод ба корҳои мухталиф машғул шудааст, аз қабили тарҷумонӣ, соҳибкорӣ ва ғайра, вале куҳнавардӣ барояш муҳимтар аст. Агарчи ҳодисаҳои хатарнокеро аз сар гузаронидааст.
“Дар куҳҳои Қафқоз аз рӯи харита ба дохили куҳу ҷангалзор мерафтем ба як ҷои нав, хатсайри нав, ки касе аз ҳамроҳонамон онро надида буд. Тибқи харитаи дардастдошта бояд тариқи купруки куҳнае аз дарё мегузаштем ва роҳро давом медодем. Вақте ба соҳили дарё расидем пуле вуҷуд надошт. Ё онро об аз байн бурда буд ё хатое дар харита вуҷуд дошт. Зимистон ҳаво бениҳоят сард ва дар ҳайати мо бонувон низ буданд. Ҳамроҳонамон хеле хаста шуда буданд, барои ба қафо баргаштан ҳама моил набуданд. Ҳама ба хулосае омадем, ки бо тамоми бору банд бояд дарёро гузарем. Либосҳоро кашида, дарёи сардро гузашта, роҳро идома додем. Ҳодисаи дигар ин буд, ки боре ба дидани як шаршараи ҷолиби минтақа мерафем то бубинем, ки дар фасли зимистон чӣ гуна аст. Ҳаво хеле сард буду замин пурбарф. Инчунин ҳаво туман. Ҳатто дидани ҳамроҳон низ мушкил буд, мо бо суръати суст ва фосилаи наздик бо ҳам ҳаракат мекардем. Таҷҳизоти роҳнамои мо кор монд ва мо роҳро гум кардем. Маҷбур шудем, ки дубора бо роҳи рафтаи хеш баргардем ва дар ҷойи муносиб мунтазири беҳтар шудан ҳаво шавем… Ҳодисаҳои хатарнок бениҳоят зиёд рӯх додаанд. Вале ман рӯҳафтода намешудаму ҳаракат мекардам. Ҳадафи сафарҳо ин буд, ки ман миёни дигар миллатҳо номбардори ватану миллат ва парчамбардори кишвар. Бинобар ин, ҳама гуна азобу машаққатро зуд фаромӯш мекардам.”,-ба ёд меорад Фарҳод.

Бахтиёр Комилов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад