ВАРЗИШДар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо Тоҷикистонро 9 варзишгар...

Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ мекунад

-

Аз 4-7 август дар пойтахти Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо баргузор мешавад.

Кумитаи олимпии Тоҷикистон аз қавли Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) иттилоъ додааст, ки дар Чемпионати Осиё 180 варзишгар (104 мард, 76 зан) аз 19 кишвари қора ширкат мекунанд. Аз ҷумла Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард:

-60кг — Муҳаммад Маҳмадизода
-66кг — Шаҳбоз Саидаброров
-73кг — Беҳруз Хоҷазода
-81кг — Сомон Маҳмадбеков
-81кг — Шодмон Ризоев
-90кг — Комроншоҳ Устопириён
-90кг — Ҷаҳонгир Маҷидов
-100кг — Абубакри Акобир
+100кг — Темур Раҳимов

Барномаи чемпионат:
4-уми август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00

Занон: -48кг, -52кг, -57кг;
Мардон: -60кг, -66кг

5-уми август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -63кг, -70кг;
Мардон: -73кг, -81кг

6-уми август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -78кг, +78кг;
Мардон: -90кг, -100кг, +100кг

7-уми август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 15:00
Рақобатҳои даставии омехта

Қайд кардан ба маврид аст, ки варзишгарони мо дар чемпионатҳои ҷудои Осиё дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 20 медал – 2 тилло, 8 нуқра, 10 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Ҳар ду медали тилло ба Комроншоҳ Устопириён мансуб аст. Ӯ ҳамчунин як медали нуқра ва ду биринҷӣ дорад. Расул Боқиев 1 нуқра, 2 биринҷӣ, Парвиз Собиров 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Темур Раҳимов 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Алишер Боқиев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Арслонқулов, Сомон Маҳмадбеков яктоӣ медали нуқра, Саидаҳтам Раҳимов, Нурулло Лоиқов, Рауф Ҳукуматов, Саидҷалол Саидов яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад