ҲАЁТИ СОЛИМТрамп: муҳоҷират аз кишварҳои ҷаҳони сеюмро то абад бозмедорам!

Трамп: муҳоҷират аз кишварҳои ҷаҳони сеюмро то абад бозмедорам!

-

Трамп ваъда дод, ки муҳоҷират ба ИМА аз кишварҳои ҷаҳони сеюмро «то абад бозмедорад». Грин-карт-ҳоро аз нав санҷида хоҳанд шуд. Президент мушаххас нагуфт, ки шаҳрвандони кадом давлатҳо дар назар доранд. Роҳбари Кохи Сафед ҳамчунин ваъда дод, ки «миллионҳо» муҳоҷирони ғайриқонуниеро, ки дар давраи Ҷо Байден вориди кишвар шудаанд, ихроҷ мекунад ва пардохти тамоми кумакҳои иҷтимоӣ ва субсидияҳоро ба онҳое, ки шаҳрванди Амрико нестанд, қатъ менамояд.

Ӯ ҳамчунин таҳдид кард, ки шаҳрвандии «муҳоҷироне, ки оромии дохилии ИМА-ро халалдор мекунанд», бекор мекунад.

Роҳбари Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати ИМА Ҷозеф Эдлоу хабар дод, ки бо дастури Трамп ӯ «фармони гузаронидани тафтиши пурра ва бодиққати ҳамаи грин-кортҳои ҳар як хориҷӣ аз ҳар кишваре, ки нигаронӣ ба вуҷуд меорад», додааст. Ба гуфтаи Эдлоу, сухан дар бораи он давлатҳо меравад, ки алайҳи онҳо ҳанӯз моҳи июн чораҳо ҷорӣ шуда буданд. Он вақт ин рӯйхат 18 кишварро дар бар мегирифт — асосан кишварҳои Африқо, инчунин Туркманистон, Венесуэла, Куба ва ғайра.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад