МУВАФФАҚИЯТКадом маълумотро дар шабакаи иҷтимоӣ набояд ҷой дод?

Кадом маълумотро дар шабакаи иҷтимоӣ набояд ҷой дод?

-

Дар олами маҷозӣ буданро метавон ба зиндагӣ дар хонаи шишагин ташбеҳ дод. Корбар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар бораи худ маълумоти зиёдеро ошкор мекунад. Маълумоте, ки метавонад ягон арзиши мушаххасро дар бар нагирад, аммо дар маҷмӯъ, ба «махзани маълумот»-и пурарзиши барои дигарон табдил ёбад.

Ҳар қадар ҳузур ва фаъолияти корбар дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеътар бошад, ҳамон қадар ӯ дар бораи худ маълумоти бештар нашр мекунад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ будан маънои онро надорад, ки мо танҳо маълумоти худро бо дӯстон ва оилаамон мубодила мекунем. Дар асл, мо ба одамони «бад» иҷозат медиҳем, ки ин маълумотро дастрас кунанд.

Бисёре аз корбарон бар ин назаранд, ки бо истифода аз ҳуввияти қалбакӣ ва додани суроғаи нодуруст дар бораи маҳалли зист ва корашон аз ифшои маълумоти аслии худ пешгирӣ мекунанд. Ҳарчанд истифода аз чунин усул метавонад дар пинҳон кардани шахсият то андозае муассир бошад, аммо пинҳон кардани ин пораи иттилоъ дар баробари сели иттилооте, ки аз ҷониби корбар боқӣ мондааст, хеленочиз аст

Мо ба шабакаҳо чӣ гуна маълумотро ҷой медиҳем?

Корбар тавассути насби ҳама гуна барнома ва боздид аз ҳама гуна сомона маълумоти зиёдеро дар бораи фаъолият ва ҳузури худ дар фазои киберӣ тавлид мекунад.

Истифодабаранда бояд донад, ки пас аз интишори маълумоти шахсӣ ва хусусӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин маълумотро хусусияти оммавӣ додааст.

Мо тафсилоти зиёдеро аз ҳаёти рӯзмарраи худро дар интернет мубодила мекунем, аммо дар куҷо бояд хатти сурх гузорему маълумотро дар бораи оила ва дӯстонамон ошкор накунем?

Пас кадом маълумоти шахсиро дар интернет мубодила накунем:

Санаи таваллуд

Хондани табрики дӯстон, тавсифу тамҷид барои ҳама хушоянд аст. Аммо нашри санаи таваллуд дар бахши мушаххасоти (профил) шабакаҳои иҷтимоӣ ба қаллобон ва дуздони ҳувият қисми калидии маълумот ва кушодани акаунтҳо бо исми шумост.

Нашри мавқеи ҷуғрофӣ

Маълумот дар бораи мавқеи ҷойгиршавии шумо метавонад хатарнок бошад, зеро, он ба дуздони эҳтимолӣ мегӯяд, шумо дар хона нестед. Ҷинояткорон ин лаҳзаро интизоранд, ки хонаи шуморо ғорат кунанд.

Нашри тасвири фарзандон

Ин як мавзӯи ҳассос аст. Мо ҳама мехоҳем фарзандони худро аз чашми бад ҳифз намоем. Аммо бисёре аз мо садҳо акси кӯдаконро дар интернет ҷой дода, номашонро низ зикр мекунем. Оё Шумо бовар доред, ки танҳо дӯстони шумо ин тасвирҳоро мебинанд?!

Дар сурати нашри акси фарзандон, ҳама гуна маълумоти геотегро нест ҳазф намоед ва номи аслии фарзандонатонро зикр накунед. Дӯстони наздики шумо номи фарзандонатонро медонанд.

Суроғаи манзил

Дар бахши мушаххасот дар бораи хеш (профил) суроғаи нанависед, зеро, шумо кори бадкоронро осон мекунед. Ҷинояткор бо истифода аз суроғаи манзили шумо бисёр корҳоро анҷом дода метавонад.

Рақами телефони шахсӣ

Шумо ба хотири онки барои дӯстон дастрас бошед, рақами телефони хешро дар шабакаи иҷтимоӣ нашр мекунед. Аммо барои доирае он метавонад сари нахе бошад, ки ба осонӣ шуморо пайдо намояд. Эҳтимол аст, ки макони шумо аз ҷониби касе бо истифода аз василаи ҷустуҷӯи рақами телефон, ки дар интернет ройгон дастрас аст, мушаххас гардад.

Вазъи оилавӣ

Интишори иттилоъ дар бораи вазъи оилавӣ тавсия дода намешавад.  Беҳтар аст, ин маълумотро дар мушаххасот зикр накунед

Суратҳо бо геотегҳо

Телефони шумо метавонад макони ҳамаи расмҳои гирифтаатонро сабт кунад, ки шумо ҳатто онро намедонед. Бояд геотегҳоро аз тасвирҳо тоза кунед, то ин маълумоти иловагӣ бо аксҳо мубодила нашавад.

Нақшаҳои истироҳатии шумо

Вақте шумо дар бораи макони истироҳатӣ, хатсайр, аксу видеои зинда нашр мекунед, шумо ба ҷаҳон эълон мекунед, ки касе дар хонаи шумо нест ва муддате касе дар он ҷо нахоҳад буд. Беҳтар аст аксҳоро баъди бозгашт аз таътил нашр намоед.

С. Кабиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад