CАЙЁҲАТЧаро истеъмоли моҳиҳои Чилучорчашма марговар аст?

Чаро истеъмоли моҳиҳои Чилучорчашма марговар аст?

-

Оби муссафову сарди Чилучорчашма садҳо нафарро ба ноҳияи Носири Хусрав мебарад, ки аз ҳад зиёд гарму тоқатфарсо аст. Дар инҷо аз дили теппаҳои тафсон обе ҷорӣ мешавад, ки натанҳо ташнагиро мешиканад, балки барои табобати маризиҳои мухталиф тавсия дода мешавад.

Чилучорчашма, ки ҳар як чашмааш номи худро дорад, ба рӯде ҷорӣ мешаваду бинандаро водор мекунад то аз он об нӯшад.

Чилучорчашма дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст.

Чунин қиссаҳое низ дар бораи ин чашма вуҷуд дорад, ки ҳазрати Алӣ, яке аз ёрони Паёмбари ислом дар инҷо қадам гузоштааст.

Ҳоло ин макон ба зиёратгоҳе табдил ёфтааст. Ҳоҷӣ Ҳақбердиев, рӯҳонӣ ва масъул дарчашма мегӯяд, оби 17 чашмаи он шифобахш буда, ба дардҳои мухталиф даво мебахшад.

Ба иттилои ӯ, бо гузашти солҳо шароити будубош барои меҳмонон беҳтар гардида, атрофи он барои пазироии меҳмонон васеътар мешавад.

Бо вуҷуди инки дохили об пур аз мору моҳӣ аст, истифодаи оби чашмаро барои бемориҳои зиёде муфид мегӯянд.

“Чилучорчашма аз 44 чашма иборат аст, 17 чашмаи он барои дардҳои мухталиф, аз ҷумла сармозадагӣ, бемории пуст, дарди устухон, бемории табларза, дарди сар, барои бемории дилу гурда, безурётӣ ва амсоли инҳо шифо мебахшад.”,- мегӯяд Ҳоҷӣ Ҳақбердиев.

Ҳамасола ба “Чилучорчашма”  меҳмонони хориҷӣ меоянд. Овозаи ин макон фаротар аз марзи кишвар аст. То замони бемории фарогири COVID-19 аз кишварҳои мухталиф ба ин макон меомаданд.

Аҳлиддин Муборов, сокини ноҳияи Кӯшониён бори дуюум аст, ки ба Чилучорчашма омадааст. Ӯ мегӯяд, модараш бемор аст ва барои модараш мехоҳад об барад:

“Инҷо гуфтанд, ки обаш шифобахш аст, модарам бемор аст, аз инҷо зарф харида, ба модарам об мебарам. Мисли ман садҳо нафари дигар низ барои зиёрат ба инҷо омадаанд.”

Чилучорчашма барои тамошо низ ҷойи хубест, махсусан, мушоҳидаи моҳиҳое, ки дар об шино мекунанд. Моҳиҳо дар ин чашма хеле зиёданд, аммо истеъмолашон манъ аст. Чун ин моҳиҳо нуқраро аз об ҷудо карда мехӯрдаанд. Нуқра дар ҳарорати 130 дараҷа тасфад, он ба заҳр табдил меёфтааст ва табиист, агар моҳиҳои Чилучорчашмаро рӯйи оташи 600 дараҷаи бирёнед, он аз худ заҳр ҳосил мекардааст.

 

Имрӯз дар ҳудуди чашма боғи калони дарахтони мевадор воқеъ аст. Ҳамчунин чанд хона барои зиёраткунандагон сохта шудааст. Зиёраткунандагон асосан аз моҳи апрел то моҳи сентябр зиёд мегарданд.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад