ЗАБОНОМӮЗӢ"Сандуқчаи зулбиё" чӣ гуна дар худ 1 миллион кӯдакро...

«Сандуқчаи зулбиё» чӣ гуна дар худ 1 миллион кӯдакро меғунҷонад?

-

Платформаи рақамии таҳсилоти томактабӣ  (TOMAKTABI.TJ) ё «Сандуқчаи зулбиё» 31 май дар Душанбе муаррифӣ гардид, ки ҳадафи он таълим ва рушди беш аз як миллион кӯдак аст.

ЮНИСЕФ ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ният доранд теъдоди муайяни омӯзгорону волидонро дар Тоҷикистон фаро гиранд.

TOMAKTABI.TJ —  пойгоҳи рақамии таълимӣ унвон мешавад, ки бо шарокати ЮНИСЕФ ва «Microsoft» ба вуҷуд омадааст. Ин пойгоҳ ҷиҳати вокуниш ба буҳрони муҳоҷирон, таъмини имконияти таҳсил дар сафар ва гум нашудани қайдҳои таҳсилоти кӯдак дар вақти кӯчидан эҷод шуда буд. Аммо, платформа роҳҳои истифодаи хеле васеътар дорад ва ҳоло миқёси он барои дастгирии таҳсили 5,4 миллион кӯдак дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ васеъ карда мешаванд, ки аз байни онҳо якуним миллион нафар кӯдакон дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Кишварҳои минтақаи мазкур равиши инноватсиониро истифода бурда, ин платформаи дастраси таълимиро барои ноил гардидан ба афзалияти соҳаи таҳсилоти томактабӣ истифода намудаанд. Вазифаи мазкур тавассути такмили дониш ва малакаҳои омӯзгорон ва кӯдакони синну соли томактабӣ иҷро карда мешавад.

TOMAKTABI.TJ фаъолиятҳои омӯзишӣ ва рушди ба синну соли кӯдакон мувофиқ, аз ҷумла бозиҳо, ҳикояҳо, видеоҳо ва дастгирии иловагӣ барои волидони кӯдакони маълулро фароҳам меорад. Ин манбаъҳо онлайн ва офлайн дастрас хоҳанд буд.

Акс аз саҳифаи фейсбукии UNICEF Tajikistan

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад