МУВАФФАҚИЯТБобо дар замири набера рассомиро кашф кард

Бобо дар замири набера рассомиро кашф кард

-

Тасовири Абдурауф

Абдурауф Ҳалимов ҳанӯз аз 10-солагӣ рӯ ба рассомӣ овард ва акнун дар жанрҳои чеҳранигорӣ, манзаранависӣ ва тахайюлӣ маҳорати хубе касб кардааст.

Абдурауф хонандаи синфи 9-и мактаби №1-и ноҳияи Темурмалик буда, бо тавсияи бобояш аз 10-солагӣ ба рассомӣ мепардозад ва аз синфи дуюм ба Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия меравад. Устоди аввалинаш Убайдулло Давлатов буда, ба ин наврас нозукиҳои рассомиро омӯхтааст.

Убайдулло Давлатов, директори Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Темурмалик мегӯяд,  Абдурауф аз овони кӯдакӣ истеъдоди фавқуллода дошт. Бинобар ин, дар як муддати кӯтоҳ тавонист рассоми хубе гардад.

Ин рассоми наврас дар чандин озмуни ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазоворӣ мақомҳои ифтихорӣ гардидаст. Соли 2021 Абдурауф дар озмуни расомони ҷавони Хатлон барандаи ҷоизаи раиси вилоят гардид.

Убайдулло Давлатов мегӯяд, пайдо кардани чунин шогирдони болаёқат вақтҳои охир на танҳо дар ноҳияи Темурмалик, балки дар саросари кишвар мушкил шудааст ва Абдурауф яке аз хонандагони ангуштшумор дар ҳудуди ноҳияи Темурмлик аст, ки рӯй рассомӣ рӯ овардааст.

«Натиҷаи кори чунин наврасону ҷавонони боистеъдод дар саросари кишвар ва берун аз он сарафрозии мо ва ноҳия аст.»,-таъкид мекунад Убайдулло Давлатов.

Шералӣ Давлатов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад