ВАРЗИШМинаи австралиягӣ дар Тоҷикистон чӣ нақша дорад?

Минаи австралиягӣ дар Тоҷикистон чӣ нақша дорад?

-

Мина Гули даванди австралиягӣ  22 май марафони чорумашро ба масофаи 42,2 километр дар масири ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – Дарвоз, қад-қади дарёи Панҷ анҷом додааст.

16 май марафони аввали шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе, дар масофаи 42 километр оғоз гардида, 18 май марафони дуюми давро ба масофаи 42,2 километр дар масири Шаҳритус — Носири Хисрав ва 20-уми май марафони сеюми давро ба масофаи 42,2 км дар масири Фархор-Ҳамадонӣ анҷом дод.

Ба иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, марафони дав бо иштироки Мина Гули бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Замони марафони дав аз 15 май то 10 июн пешбинӣ шудааст. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Норак” ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан ва дар Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (6-8 июн) ширкат мекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазорати маорифи Миср китобҳои дарсиро бознигарӣ кард. Чаро?

Бо баҳонаи аз барномаҳои таълимӣ хориҷ кардани маводҳое, ки ба зӯроварӣ ташвиқ мекунанд, Вазорати маорифи Миср  як қатор дарсҳои...

Ширкатҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз қарорҳои бар асоси зеҳни сунъиро ба истифодаи саноатӣ тақрибан ду баробар бештар аз ҳамтоёни худ дар дигар кишварҳои...

Ширкатҳои минтақа ба шарофати таҷрибаҳои нав ва сатҳи баланди рақамикунонӣ истифодаи зеҳни сунъиро дар тиҷорат босуръат густариш медиҳанд, аммо...

10 ҳазор ташхиси ВНМО, беш аз 4 миллион вояи ваксина ва 78 миллион доллар сармоягузорӣ: мероси 35-солаи ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ

Дар 35 соли муносибатҳои дипломатӣ Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои гуногун густариш додаанд. Яке аз...

Шавҳарашро аз муҳоҷират баргардонд. Қиссаи бонуи занбӯриасалпарвар

Зулфиза Қобилова дар гармии тоқатфарсои Айвоҷ бо меҳнату сабурӣ аз ду қуттии хурди занбӯр як кори хонаводагии даромаднок сохт. Замоне...
spot_imgspot_img

Тадқиқоти нав: Meta ба ҳисоби миёна 25 аз 35 навъи эҳтимолии маълумотро ҷамъоварӣ мекунанд

Тадқиқоти нави Surfshark нишон медиҳад, ки барномаҳои ширкати Meta метавонанд нисбат ба дигар бузургҷуссаҳои соҳаи технология маълумоти бештари корбаронро...

Пиразан сармояи ночизи худро барои роҳсозӣ харҷ кардан хост

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ аз як ҳодисаи таъсирбахш ёдовар шуд, ки ба гуфтаи ӯ, нишондиҳандаи...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад