БИЗНЕС-КЛУБ"Москвич"-и нав чинӣ мешавад?

«Москвич»-и нав чинӣ мешавад?

-

Пас аз ба тавозуни Маскав гузаштани заводи Renault мансабдорони сатҳҳои гуногун дар бораи он сӯҳбат кардаанд, ки ширкат то охири соли ҷорӣ ба васлу насби мошинҳои комилан нави Москвич шурӯъ мекунад – замонавӣ, арзон ва эҳтимол барқӣ.

Коршиносон ба чунин тағйирот шубҳа доштанд: бо назардошти таҷҳизоти техникии он ва махсусгардонии моделҳои мушаххаси Renault ва дар ниҳоят замони ғайривоқеии оғози кор.

Мошини тамғаи «Москвич» метавонад ба хитоӣ табдил ёбад. Вазорати саноату савдо ва мақомоти Маскав бо JAC Motors, FAW ва BYD гуфтушунид доранд.

Ба гузориши “Известия”, мақомоти Маскав, Вазорати саноату савдо ва КамАЗ бо мошинсозони Чин барои тавлиди мошин дар корхонаи холишудаи Renault музокира доранд. Гуфтушунид инчунин бо JAC Motors, FAW ва BYD идома дошта, як манбаъ ба ин расона гуфтааст, дар музокирот корхонаҳои дигари чинӣ низ ширкат мекунанд. «Ведомости» дар ин бора менависад: «КамАЗ» бо шарики кунунии худ — ширкати автомобилсозии JAC гуфтушунид дорад ва мақомоти Маскав барои ҳамкорӣ бо як ширкати дигари мошинсози чинӣ кор мекунанд. Дар ҳамин ҳол, намояндагони ширкатҳои Haval, Chery и Geely ба хабаргузории «Известия» гуфтаанд, ки ширкатҳои онҳо дар бораи тамғаи «Москвич» ё корхонаи Renault музокира намекунанд.

Агар созиш бо ширкатҳои Чин  ба даст наояд, КамАЗ мустақилона истеҳсолотро ба ӯҳда мегирад. Аммо дар ин ҳолат, интизори баровардани мошин вақти зиёдро талаб мекунад, зеро, истеҳсолкунанда моделҳои сертификатсияшудаи худро надорад.«,- гуфтааст яке аз мусоҳибон ба ин расона.

Соли 2021 тарроҳ Роман Прядко тарҳи “Москвич”-и навро пешниҳод кард. Аммо мо чизе монанди он нахоҳем дид.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...

96%-и кӯдакони то 12-моҳа иммунизатсия шуданд

Соли равон мо 50-солагии Барномаи Васеи Иммунизатсия таҷлил мешавад. Соли 1990 дар Тоҷикистон сатҳи фавти кӯдакони то 5-сола баланд...
spot_imgspot_img

Медали биринҷии Темур Раҳимов дар Чемпионати Осиё

Темур Раҳимов (+100) дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Ҳонконг, дар мубориза барои нишони биринҷӣ рақибаш Азамат Чочаев...

Соҳибкории иҷтимоӣ: талош барои тағйироти мусбат дар ҷомеа

Соҳибкории иҷтимоӣ тиҷоратест, ки ҳадаф аз таъсиси он рисолати иҷтимоӣ ва хайрхоҳона мебошад. Бо соҳибкории иҷтимоӣ метавон даромад гирифт ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад