ВАРЗИШТамрин дар Дубай

Тамрин дар Дубай

-

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ-таълимӣ таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба Дубай  сафар мекунад то ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омода шавад.

Ба иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон 19 май пас аз анҷоми бозиҳои даври ҳаштуми лигаи олии кишвар ба Дубай сафар мекунад. Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 3-юми июн идома менамояд, дастаи мо як бозии дӯстона ба нақша гирифтааст. Ҳарифи футболбозони мо дар бозии санҷишӣ рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд.

«Ҳайати мукаммали тими миллии Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб, ки рӯзи 18 май эълон мешавад, 26 бозингарро дар бар мегирад. Аз ин шумора 23 бозингар ба дархости даста барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 шомил карда мешаванд.»-хабар медиҳад КОТ.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) бозӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F» дар шакли мутамарказ дар Бишкек баргузор мешаванд. Ғолибони шаш гурӯҳи интихобӣ ва инчунин панҷ тими беҳтарини ҷойҳои дуюмро ишғолкарда ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад