ВАРЗИШЯгона медали Фирӯз дар мусобиқаи байналмилалии гуштии юнонию румӣ

Ягона медали Фирӯз дар мусобиқаи байналмилалии гуштии юнонию румӣ

-

Фирӯз Мирзораҷабов, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии юнонию румӣ миёни варзишгарони то 20-сола, ки рӯзҳои 3-5 май дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ панҷ нафар – Фирӯз Мирзораҷабов (-60 кг), Сиёвуш Очилов (-63 кг), Шероз Очилов (-72 кг), Султон Саидзода (-72 кг) ва Русланҷони Рустамҷон (-82 кг) — намояндагӣ карданд.

Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 60 кило баъди се пирӯзӣ ба финал роҳ ёфт, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири қазоқ мағлуб гардида, сазовори медали нуқра дониста шуд.

Ин гуштигири ҷавону моҳири тоҷик бо дастовардҳояш аллакай дар байни ҳаводорони ин риштаи олимпии варзиш маъруф аст. Ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ миёни наврасон, ки моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар вазни то 51 кило медали нуқра ба даст овард.

Фирӯз дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии юнонию румӣ миёни наврасон, ки моҳи августи соли 2019 дар шаҳри Софияи Булғористон доир гардид, дар вазни то 55 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Фирӯз Мирзораҷабов дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки моҳи сентябри соли 2021дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор шуд, дар сабқати гуштии юнонию румӣ дар вазни то 60 кило медали нуқра гирифта буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад