ҲАЁТИ СОЛИММетеорити NWA 5,3 миллион доллар фурӯхта шуд

Метеорити NWA 5,3 миллион доллар фурӯхта шуд

-

Метеорити бузургтарини марсианӣ NWA 16788 дар музоядае дар ИМА бо нархи рекордии 5,3 миллион доллар фурӯхта шуд

Метеорит бо номи NWA 16788 24,67 килограмм вазн дошта, порае аз рӯи сайёраи Миррих мебошад, ки дар натиҷаи бархӯрди як астероид канда шудааст. Онро як пайгиркунандаи метеоритҳо моҳи ноябри соли 2023 дар қаламрави Нигер (Ҳабашистон) пайдо кардааст.

«NWA 16788 бо қабати сурхча-қаҳвагине пӯшида шудааст, ки дар натиҷаи гудозиш ҳангоми парвоз ба вуҷуд омадааст ва ба он ранги хоси марсианӣ мебахшад. Дар рӯи он инчунин регмаглиптҳо дида мешаванд — чуқуриҳое, ки ҳангоми гузашта аз атмосфераи Замин бо суръати баланд ва дар натиҷаи соиш ба вуҷуд омадаанд», — омадааст дар гузориши хонаи музояда. Тағйироти ночиз дар таркиби ҷисмонӣ ва химиявии метеорит нишон медиҳанд, ки он «нисбатан ба наздикӣ ба Замин омадааст».

Ба гуфтаи коршиносони хонаи музояда, NWA 16788 тақрибан 70% калонтар аст аз дигар метеорити марсианӣ, ки қаблан дар Замин пайдо шуда буд. «Пораҳои Миррих ниҳоят нодир ҳастанд: аз беш аз 77 000 метеорити расман сабтшуда, ҳамагӣ 400 адади онҳо марсианӣ мебошанд.», — гуфта мешавад дар тавсифи лот.

Метеорити марсианӣ рӯзи 13 июл ба фурӯш бароварда шуд. Пеш аз он, он дар як галереяи хусусӣ дар шаҳри Ареттсои Италия нигоҳ дошта мешуд ва дар соли 2024 дар Оҷонси кайҳонии Италия дар Рум ба намоиш гузошта шуда буд. Sotheby’s номи харидор ва соҳиби қаблиро ошкор намекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад