ҲАЁТИ СОЛИМҚадами Қурбон: аз дарди шадид ба мурданам розиам!

Қадами Қурбон: аз дарди шадид ба мурданам розиам!

-

Қадами Қурбон, сарояндаи баҳсбарангез, ки бо суруду шӯхиҳои намакин ва самимиаш маъруф аст, аз вазъи вахими саломатиаш қисса кард.

Қадам аз дарди ҷонкоҳи қисмати рости шикам шикоят мекунад, ки чаҳор моҳ аст, бехобӣ мекашаду ҳар ончи истеъмол менамояд, қайъ ва дард то ҳадде шадид аст, ки ба мурданаш розӣ мешавад.

Ҳамсараш аз бенавоӣ мегӯяд, ки чаҳор моҳ боз қанди сафедро надидаанду нонро дар чой тар мекунанд.

Қадами Қурбон ахиран дар суҳбат ба ҳайати гуруҳи ҳаҷвии “Арабшо”, ки ба аёдаш рафтанд, қисса кард, «даврони тандуруст буданам дӯстони бешумор доштам, ки рақамашон дар ҳисобкунак (калкулятор) намеғунҷид. Вале ҳоло касе ба аёдат намеояд.»

Қадам мегӯяд, ҳама гуна ташхисро гузашт, ҳатто дар беморхона бистарӣ шуд, вале табибони тоҷик даво наёфтанду тавсия доданд, ки ба хориҷ равад.

Қадами Қурбон ҳоло дар хонаи духтараш дар ноҳияи Восеъ бистарист. Зеро, деҳаи онҳо дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин роҳи харобе дошта, бо бад шудани вазъаш то ба ободие расонидаш душвор мегардад. 

Ӯ дар муроҷиат аз мухлисон ва мардуми Тоҷикистон кумак хост то дастгирӣ намоянд ва ӯ дар хориҷ табобат гирад. 

Акс аз навори саҳифаи ютубии Qurbon Negmatov

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
14
+1
1
+1
0
+1
5
+1
7
+1
0
+1
4

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад