ҲАЁТИ СОЛИМБолсонару ҳифзи ғайриқонунӣ курсӣ айбдор мешавад

Болсонару ҳифзи ғайриқонунӣ курсӣ айбдор мешавад

-

Коллегияи Додгоҳи олии Бразилия тариқи овоздиҳӣ мавқеяшро маълум мекунад, ки президенти собиқ Жаир Болсонару пас аз мағлубияташ дар интихоботи соли 2022 нақшаи сарнагун кардани демократия ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани қудратро дошт ё не.

Ба бовари  Додрас Александр де Мораес, ки раванди ин парвандаро назорат мекунад, сиёсатмадор Жаир Болсонару роҳбари як табаддулоти давлатӣ буд. Бинобар ин, додрас президенти собиқ Болсонаруро гунаҳгор меҳисобад.

Де Мораес тақрибан панҷ соат суханронӣ карда, як қатор «амалҳо»-ро баршумурд, ки ба гуфтаи ӯ, ҷузъи кӯшиши табаддулоти давлатӣ буданд. Ба ин амалҳо дохил мешаванд: эълони шубҳаҳои беасос нисбат ба низоми интихоботии кишвар, таҳияи як фармон дар бораи боздоштани натиҷаҳои интихобот, ки Болсонару дар онҳо мағлуб шуд, ва ошӯбҳои 8-уми январ, ки ба гуфтаи Де Мораес, бо мақсади маҷбур кардани низомиён барои ба даст гирифтани қудрат ташкил карда шуда буданд.

Болсонару дар суд ҳозир нашуд ва вакилонаш аз ҳар гуна гуфтугӯ бо матбуот худдорӣ карданд. 

Агар панҷ додрас ҳукми айбдоркуниро, ки рӯзи ҷумъа интизор меравад, содир кунанд, ба Болсонару ҳукми тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Ба Болсонару панҷ айб эълон шудааст: кӯшиши ташкил кардани табаддулоти давлатӣ, иштирок дар созмони ҷиноятии мусаллаҳ, кӯшиши барҳам задани тартиботи ҳуқуқии демократӣ бо роҳи зӯрӣ ва ду айб, ки бо нобуд кардани моликияти давлатӣ вобаста мебошанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад