МУВАФФАҚИЯТМедали тиллои Разавӣ дар Амрико

Медали тиллои Разавӣ дар Амрико

-

Разавӣ Навбаҳоров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи бози қаҳрамонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (US Open ‘USA sambo National Championship’), ки дар шаҳри Арлингтони иёлати Техас баргузор шуд, дар риштаи самбои размӣ дар вазни то 79 кило медали тилло ба даст овард.

Разавӣ Навбаҳоров 21 сол дошта, чанд соли охир дар якчанд мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба самбо ва самбои размӣ ширкат карда, дар рақобатҳо миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон муваффақ гаштааст.

«Ӯ дар мусобиқаи байналмилалии самбо “Берлиниада — 2018” дар шаҳри Берлини Олмон дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило бо медали тилло сарфароз гашта буд. Навбаҳоров соли 2018 дар Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербия доир гардид, дар вазни зери 57 кило бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ӯ соли 2019 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки дар пойтахти Муғулистон -Улан-Батор баргузор шуд, дар вазни то 70 кило байни наврасон медали нуқра ба даст овард. Инчунин ҳамон сол вай дар мусобиқаи байналмилалии самбо миёни наврасон ба хотираи Алекс Неруш дар шаҳри Ришон-ле-Cиони Исроил дар вазни зери 68 кило ба рақибонаш аз Латвия, Исроил ва Олмон ғолиб омада, соҳиби медали тилло гардид.»-менависад Радиои Озодӣ.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад