БИЗНЕС-КЛУБМаҳсулоти нассоҷии ватанӣ дар намоишгоҳи UzTextile Expo Spring

Маҳсулоти нассоҷии ватанӣ дар намоишгоҳи UzTextile Expo Spring

-

Аввалин бор Тоҷикистон маҳсулоти нассоҷии худро дар намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва мӯди UzTextile Expo Spring дар шаҳри Тошканд аз 27-ум то 29-уми апрел ба маърази тамошо гузошт. Ба ҷуз ин, ҳайъати Тоҷикистон ҳамчунин, дар вохӯриҳои b2b бо ҳадафи барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва тавсеаи имкониятҳои ҳамкорӣ иштирок кард.

Дар чорумин намоишгоҳи байналмилалии UZ Textile Expo Spring  девораи Тоҷикистонро маҳсулоти се корхонаи ресандагӣ оро дод: “Гулистони Душанбе” (Душанбе) ва “Ортекс”-у “Раҳимов А.А.” ва 17 корхонаи дигар ҳам дар ҳайъати Тоҷикистон ба намоишгоҳ барои боздид, омӯзиши равандҳои нав, харидории маводи хоми лозима ба монанди риштаи омехта ва аксессуарҳо ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ шомил шуда буд. 

UzTextile Expo – намоишгоҳи байналмилалии нодир ва вижаи соҳаи нассоҷӣ ва мӯд дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳар сол аз он бештар аз 9000 коршинос, соҳибкор ва тоҷир боздид мекунанд. Дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи нассоҷӣ ва мӯд аз истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ дар тамоми занҷираи истеҳсолот – аз нахи пахта то либоси тайёр ба маъраз гузошта мешавад. Чорабинӣ ҷиҳати дарёфти шарикон дар Узбекистон, бозори калонтарини Осиёи Марказӣ бо бештар аз 34 миллион харидор, кумак мекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...
spot_imgspot_img

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад