ҲАЁТИ СОЛИМДонишгоҳи технологии Тоҷикистон ба баргузории чорабиниҳои ҳузурӣ оғоз бахшид

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба баргузории чорабиниҳои ҳузурӣ оғоз бахшид

-

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баъд аз ду соли маҳдудиятҳои бемории ҳамагири «COVID-19» дубора ба баргузории чорабиниҳои ҳузурӣ оғоз бахшид. Қаблан чорабиниҳо онлайнӣ сурат мегирифтанд.
Таъсири бемории ҳамагири «COVID-19» монеи конфронсу мизҳои мудаввари илмӣ гардида буд. Бо пастшавии сатҳи беморӣ дар ҷаҳон чорабиниҳои ҳузурӣ  дар ҳоли афзӯдан буда,  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки баъд аз ду сол дубора чорабиниҳои илмиро бо иштироки зиёди донишҷӯн ва омӯзгорон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба роҳ монд. 

Дирӯз, 22 апрел дар донишгоҳи мазкур ҳамоиш дар мавзӯи «Ҳамбастагии илм бо истеҳсолот дар раванди саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он донишҷӯён вобаста ба ин мавзӯъ маърӯза намуданд.

Яке аз бахшҳои он “Сармояи инсонӣ ва тафакури созанда дар раванди саноатикунонии босуръат” буд, ки зери назари муовини декани оид ба илм ва инноватсия факултети технология ва дизайн Фарзона Салимова бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи мазкур як рӯз қабл аз ин ҳамоиш доир шуда буд. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад