МУВАФФАҚИЯТНим аср машғули тоқидӯзӣ (Видео)

Ним аср машғули тоқидӯзӣ (Видео)

-

Мақсатой Султонова

Мақсатой Султоноваи 63-сола беш аз 50 сол аст, ки тоқидузӣ мекунад. Ин зан шабона тоқидӯзӣ мекунад ва рӯзона ба бозор мебарорад. Нархи тоқиҳои дӯхтаи Султонова Мақсатой дар қиёс ба дигар тоқифурӯшон бамаротиб арзон аст.
Ӯ ҳанӯз аз овони кӯдакияш ба кори модараш зеҳн монда, ин ҳунарро аз модар омӯхт. Гузаштагони Мақсатой низ тоқидӯз будаанд. Мақсатой танҳо як навъи тоқӣ-тоқиҳои чоргули мардона омода мекунад.

Ӯ пас аз хатми литсейи дӯзандагии шаҳри Истаравшан 8 сол дар як корхонаи дӯзандагии ин шаҳр фаъолият намуда, ин муддат борҳо ба ифтихорномаву мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шудааст. Бо амри тақдир, ӯ дар оилае арӯс шуд, ки онҳо низ ба дӯзандагӣ, махсусан ба тоқидӯзӣ машғул буданд. Тоқидӯзӣ барои Мақсатой Султонова натанҳо як воситаи рӯзгузаронӣ, балки муҳимтарин ҷузъи зиндагӣ гардидааст. Зеро, ӯ бо ин ҳунараш чор фарзандашро хонадор карда, инчунин як қатор мушкилоти молиашро рафъ намудааст.
Ин зани ҳунарманд соҳиби 4 фарзанд (ду духтар, ду писар) ва 12 набера мебошад. Духтаронаш низ касби модари хешро интихоб намуда, ҳамарӯза машғули тоқидузӣ ҳастанд ва ба нақли худаш ҳоло набераҳояш низ ба ин касб таваҷҷуҳ доранд.

“Вақте духтаронам хурд буданд, ҳар гуна латтапораҳоро мегирифтанду медӯхтанд. Ҳар гоҳе маро машғули тоқидӯзӣ медиданд, наздам менишастанду ба корам зеҳн мемонданд.  Ҳамин тавр, бо гузашти вақт онҳо ҳам ин ҳунарро омӯхта, аллакай ба пурагӣ аз уҳдаи ин кор мебароянд.”,- мегуяд Мақсатой Султонова.

Мақсатой чандин шогирд дорад, ки ин ҳунарро комилан аз худ намуда, бархе коргоҳи худро таъсис додаанд.

Тоқиҳои Мақсатой Султонова ба ҳама гушаву канори кишвар мерасанд. Шавҳари ин зан тоқиҳоро ба Суғду Хатлон ва Рашт дастрас мекунад. 

Баҳруллои МАҲМАДШАРИФ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад