МУВАФФАҚИЯТМақсуди сеҳргар: дилхоҳ корро набояд барои пул анҷом дод!

Мақсуди сеҳргар: дилхоҳ корро набояд барои пул анҷом дод!

-

Мақсуд Додоҷонов

Мақсуд Додоҷонови 22-сола дар театри “Чудес”-и шаҳри Маскав фаъолият дошта, ҳоло бо сафари ҳунарӣ вориди Тоҷикистон шудааст.

Мақсуд литсейи №2-и шаҳри Душанбе барои хонандагони болаёқатро хатм кардаааст.
Ӯ дар сеҳргарӣ маҳорати хос дошта, ба ҷуз ин, варзишгар аст ва ҳоло донишҷӯи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи ҳуқуқшиносии шаҳри Маскав мебошад.

Ба нақли вай, дар 5-6-солагиаш ба тамошои сеҳргарони чинӣ мерафт ва ба ҳар амали онҳо таваҷҷуҳ мекард. Падараш низ сеҳргар буда ба писараш ин пешаро омӯзонидааст. Инак, 3-4 сол мешавад, ки Мақсуд “фокусник”-и касбӣ аст.

“Барои омӯхтани “фокус” бояд пеш аз ҳама хоҳиш дошт. Чун ман аз хурдӣ шавқу рағбати ниҳоят зиёд доштам, ба мақсадам расидам.”, — мегӯяд Мақсуд.

Сеҳр навъи зиёде дошта, ки қисмеро дар кӯча бо корт ва ҳар гуна “кубик”-ҳо иҷро мекунанд. Сеҳрҳои бузург дар саҳнаҳо барои шумори зиёди одамон намоиш дода мешавад.

Мақсуд мегӯяд, аз анвои зиёди сеҳрҳо огоҳ буда то андозае онҳоро анҷом медиҳад.

“Ҳар сеҳри навро метавон дар муддати як моҳ омӯхт, қисме аз ин ҳам вақти бештарро мехоҳад. Онҳоро зиёд бояд такрор карду баъд ба мардум нишон дод.”, — қайд менамояд ӯ.

Ба бовар Мақсуд, сеҳр ба мардум дилхушӣ мебахшад. Ҳоло ӯ дар кишвар бо ҳайати театр дар сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, мактабҳои хусусӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳр ва берун аз он “фокус”-ҳои худро нишон медиҳад.

Мақсуд ба ин андеша ҳаст, ки дилхоҳ корро барои пул кардан лозим нест. Агар таваҷҷуҳ барои корҳои муҳимтар бошад, пул худаш меояд.

Мақсуд дар оянда комилан ба сеҳргарӣ машғул шуданист, вале доштани маълумоти олиро низ муҳим арзёбӣ мекунад. Бинобар ин,  дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил дорад.

Ният дорад, ки солҳои наздик маҳораташро ба Президенти Тоҷикистон нишон диҳад.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад