МУВАФФАҚИЯТЧемпионати Осиё: наврасону ҷавонони тоҷик дар чорякфинал

Чемпионати Осиё: наврасону ҷавонони тоҷик дар чорякфинал

-

Ду рӯзи аввали муҳорибаҳои муқаддамотӣ дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон Анушервон Фозилов, Ҷаъфар Ҳакимов, Руслан Ғафуров, Рустамҷон Ашуров ва миёни ҷавонон Меъроҷ Зоидов, Асламҷон Қурбонов, Бузургмеҳр Иксанов, Абдураҳим Ёқубов бар ҳарифонашон ғалаба карда, ба чорякфинал роҳ ёфтанд.

Ба иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, ҳамчунин, дар асоси қуръакашӣ миёни наврасон Усмоншайх Усмонов, Аъзам Фозилов, Фирӯз Раҷабов, миёни ҷавонон бошад, Саддам Давлатов, Нурланбек Эрматов ва Парвиз Ахмедов мусобиқаро аз даври чорякфинал оғоз мекунанд.
Се нафари дигар – Акмалҷон Абдувалиев, Юсуф Фозилов ва Ҳангома Исоева дар асоси қуръакашӣ муҳорибаро аз даври нимфинал шуруъ хоҳанд кард.
Миёни наврасон Меъроҷ Суфиҷонов, Дамир Муйбалихонов, миёни ҷавонон Абубакр Муродов, Анушервон Ақназаров аз ҳарифонашон шикаст хурда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон, ки аз 2 -14 март дар шаҳри Уммони Урдун идома мекунад, аз Тоҷикистон 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ширкат мекунанд. Дар ин мусобиқа аз 21 давлати қора варзишгарон ширкат мекунанд.

Иштирокчиёни тоҷикистонӣ дар Чемпионати Осиё оид ба бокс

Ҷавонон:
48кг – Меъроҷ ЗОИДОВ
51кг – Асламҷон ҚУРБОНОВ
54кг – Бузургмеҳр ИКСАНОВ
57кг – Абубакр МУРОДОВ
60кг – Абдураҳим ЁҚУБОВ
63,5кг – Саддам ДАВЛАТОВ
67кг – Анӯшервон АҚНАЗАРОВ
71кг – Юсуф ФОЗИЛОВ
75кг – Нурланбек ЕРМАТОВ
86кг – Акмалҷон АБДУВАЛИЕВ
92кг – Парвиз АХМЕДОВ

Наврасон
46кг – Анушервон ФОЗИЛОВ
48кг – Меъроҷ СУФИҶОНОВ
50кг – Ҷаъфар ҲАКИМОВ
52кг – Дамир МУИБАЛИХОНОВ
54кг – Руслан ҒАФУРОВ
60кг – Рустамҷон АШУРОВ
66кг – Усмоншайх УСМОНОВ
75кг – Аъзам ФОЗИЛОВ
+80кг – Фирӯз РАҶАБОВ
57кг – Ҳангома ИСОЕВА

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад