ОЛАМИ МАҶОЗӢСукерберг: Суперзеҳн бояд барои ҳама дастрас бошад, на танҳо...

Сукерберг: Суперзеҳн бояд барои ҳама дастрас бошад, на танҳо барои ширкатҳои бузург

-

Роҳбари ширкати Meta Марк Сукерберг номаи бозеро дар бораи рушди зеҳни сунъӣ нашр кард. Дар он ӯ зидди тамаркузи системаҳои пуриқтидори зеҳни сунъӣ дар ихтиёри шумораи ками ширкатҳо ё сохторҳои давлатӣ сухан гуфта, таъкид кардааст, ки вазифаи асосии солҳои наздик дастрас кардани суперзеҳнҳо ба ҳар як инсон мебошад.

Ба гуфтаи Сукерберг, зеҳни сунъӣ бояд воситаи эҷоди донишҳои нав, технологияҳо ва соҳибкорӣ бошад, на танҳо абзори худкорсозии равандҳои мавҷуда. Ӯ бар ин назар аст, ки суперзеҳни инфиродӣ метавонад ба одамон дар таҳияи доруҳои нав, таъсиси ширкатҳои шахсӣ, азхудкунии босуръати малакаҳои нав ва ҳалли самараноки масъалаҳои рӯзмарра кумак кунад. Ба андешаи ӯ, саҳми асосии зеҳни сунъӣ дар рушди ҷомеа ихтироъкорӣ хоҳад буд, на иваз кардани меҳнати инсон.

Сукерберг ҳамчунин идеяи назорати мутамаркази суперзеҳнро танқид кард. Ба гуфтаи ӯ, агар чунин технологияҳо танҳо дар ихтиёри шумораи маҳдуди созмонҳо бошанд, ин метавонад ба таъсири аз ҳад зиёд ба иқтисод, илм ва сиёсат оварда расонад. Ба ҷои ин, ӯ пешниҳод мекунад, ки ҳар як инсон ёвари шахсии худро дар асоси зеҳни сунъӣ дошта бошад.

Барои шарҳи андешаи худ ӯ чунин мисол меорад:

«Тасаввур кунед, ки танҳо як нафар ҳуқуқшиноси дорои суперзеҳн дорад. Ӯ ҳатто дар ҳолате, ки ҳақ нест, дар додгоҳ бартарии ноодилона пайдо мекунад. Ин ба ҷомеа зарар мерасонад. Аммо агар ҳар кас чунин ҳуқуқшиноси суперзеҳн дошта бошад, адолати судӣ нисбат ба имрӯз хеле одилона ва самараноктар мегардад. Вақте одамон дорои имкониятҳои баробар мешаванд, онҳо метавонанд ҳамдигар ва инчунин нуфузи ниҳодҳои бузургро ба таври табиӣ  дар тавозун нигоҳ доранд.»

Сукерберг мутмаин аст, ки паҳншавии васеи суперзеҳн бозори меҳнатро аз байн намебарад, балки имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ба пешгӯии ӯ, таъсиси тиҷорати шахсӣ осонтар шуда, иқтисод бештар ба соҳибкорӣ такя мекунад ва шумораи ширкатҳои хурд афзоиш меёбад.

Дар ширкати Meta бар ин назаранд, ки рушди зеҳни сунъӣ бояд ба принсипҳои озодӣ, таҳқиқоти кушода, соҳибкорӣ ва дастрасии баробар ба технологияҳои нав асос ёбад.

Ҷолиб он аст, ки Илон Маск низ пайванди ин номаи кушодаи Марк Зукербергро дар саҳифаи худ нашр кардааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...

Имзои ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқа ва Huawei барои рушди технологияҳои 5G-A ва 6G

Дар ҳошияи Форуми 5G дар шаҳри Душанбе миёни Хада моти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ваҶДММ "Хуавей Технологии Тоҷикистон" ёддошти...

Пешниҳод ба Нетаняҳу дар ивази афв аз сиёсат дур мешавӣ!

Президенти Исроил Итсҳак Ҳерсог ба сарвазири ин кишвар Бинямин Нетаняҳу созишеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он Нетаняҳу метавонад ду...
spot_imgspot_img

Кӣ беҳтарин хизматчии давлатии зан дар Душанбе шуд?

Дар шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» муайян ва қадрдонӣ...

Тоҷикистон хостори харитаи ягонаи ҳамкориҳои маорифии Осиёи Марказӣ шуд

Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро пешниҳод кард. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад