МУВАФФАҚИЯТСомонҷон барои реперҳо чӣ гуна “мулт-клип” месозад?

Сомонҷон барои реперҳо чӣ гуна “мулт-клип” месозад?

-

Сомонҷон Раҳмонзода

Агарчи аз ҷониби санъаткорон намоҳангҳои зиёд нашр мешаванд, вале “мулт-клип” (намоҳанг дар формати 2D) то ҳол дар кишвар маъруф нест. “Мулт-клип” маҳсули эҷодиест, ки ҳама қаҳрамонҳои суруди рэп ё умуман саҳна бо расмҳои ҳаракаткунанда пешкаш мегардад.

Сомонҷон, яке аз аввалинҳост, ки  ба таҳияи мулти-клип шурӯъ пардохтааст.

Сомонҷон Раҳмонзодаи 23-сола соли сеюм аст, ки “мулти-клип” месозад. Аввалин “мулт-клип”-аш ба яке аз рэпҳои Навик МС буд. То ин дам ӯ ба рэпҳои Навик МС ва “C.ONE” “мулт-клип” сохтааст. ва нозукиҳои ин корро  давом 1 моҳ аз интернет омӯхт.

“Кори “мулт-клип”-созӣ бисёр душвор аст. Ҳарчанд, ин корро ман худам танҳо анҷом медиҳам, Ҳол онки кори чанд нафар аст. Яъне, як кас бояд сенария нависад, каси дигар расмҳоро тасвир кунад, нафари сеюм онҳоро ба ҳаракат дарорад ва чорумӣ тариқи барномаҳои танзим танзиму тадвин кунад… Дар кишвари мо ин намуди наворҳо маъруф нест ва овозхонҳо дархост намекунанд.”— мегӯяд Сомонҷон.

Сомонҷон донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст. Ӯ мехост достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсиро ба шакли “мулт-навор” омода кунад, вале аз сабаби набудани дастгирию сарпараст ин корро анҷом дода натавонист.

Ӯ мегӯяд, ки агар талабот ба кораш зиёд шавад, ният дорад тимеро сарҷамъ ва сохтани намоҳангҳоро маъмул намояд. Зеро, то ҳол аз сохтани “мулт-клип”-ҳо фоидаи моддӣ ба даст наовардааст.

Агар Сомонҷон дастгирӣ ёбад, дар сохтани “мулт-навор”-ҳо саҳми худро метавонад бештар гузорад. В-агарна бо ин кори заҳматталаб ва бесуд шӯълаи умедаш хомӯш мегардаду халос.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад