МУВАФФАҚИЯТАз “Дугонаҳо” то “Территория юмора”. Мавқеи Заринахон дар ҳаҷв

Аз “Дугонаҳо” то “Территория юмора”. Мавқеи Заринахон дар ҳаҷв

-

Иҷрокунандагон ва ҳаводорони стендап-як жанри нави ҳаҷвӣ дар Тоҷикистон меафзояд. Ин навбат ҷавондухтареро пайдо намудем, ки тариқи стендапҳояш аз вазъи замон мегӯяд.

Заринахон Ҷумъабоеваи 22-сола бо вуҷуди ҷавон будан ба як жанри мураккаб– стендап рӯй овардааст.

Ӯ дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Кори асосиаш омӯзгорист ва ҳаҷвнигорӣ, аниқтараш стендаперӣ барояш хобби маҳсуб мешавад.

Заринахон Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷандро бо дипломи аъло хатм карда, ҳоло дар ин даргоҳ фаъолияти омӯзгорӣ дорад ва ҳамзамон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад.

Пайвастани Заринахон ба ҳаҷв аз соли 2018, аниқтараш аз таъсиси лоиҳаи машҳури “Дугонаҳо” маншаъ мегирад. Ӯ аз ҳамон вақт қисми зиёди вақташро ба омӯхтан ва таҷриба гирифан дар ҳаҷв сарф карда, дар ҳоли ҳозир узви лоиҳаи ҳаҷвии “Территория юмора” мебошад.

Заринахон мегӯяд, бисёр дӯст медорад вақте бо шӯхиҳояш ба лабҳои одамон табассум меорад. Агарчи ин рисолати ҳаҷвнигор низ маҳсуб мешавад. Бар замми ин, мушкилоти замонро бо ҳаҷв ба мардум мерасонад.

Стендапери ҷавон мавзӯҳои стендапҳояшро аз зиндагии  рӯзмарра пайдо мекунад. Барои рӯйи коғаз овардани баъзе аз онҳо соат ва баъзе аз он ҳафта вақт сарф менамояд.

Барои ба ҳаҷв машғул шуданаш волидон зид нестанд ва ҳамеша ӯро дастгирӣ мекунанд. Инчунин мардум ҳам аз стендапер будани як духтар гарм истиқбол менамоянд.

Заринахон ният дорад, ки дар Хуҷанд ва Душанбе консерти худро  барпо кунад. Сипас дар хориҷи кишвар ин орзуҳояшро амалӣ карданист.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
15
+1
5
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад