НАВИДМактаби тоҷикӣ бо маблағ ва меҳнати сокинони як деҳаи...

Мактаби тоҷикӣ бо маблағ ва меҳнати сокинони як деҳаи Узбекистон

-

Намоди зоҳирии бино чунин хоҳад шуд

Сокинони як деҳаи тоҷикнишини Узбекистон бо маблағ ва меҳнати хеш мактаби тоҷикӣ бунёд доранд.

Фитрати Ҳикмат як истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии фейсбук дар саҳифаи хеш менависад, ки  онҳо дар деҳаи Иштошуни ноҳияи Букаи Ӯзбекистон иқомат доранд ва ҳамагӣ масчоӣ ҳастанд.

“Маблағи лоиҳавии сохтмони ин мактаб, ки наздик ба 3 миллион сомонӣ гуфта мешад, пурра аз ҳисоби худи мардуми ин деҳа аст. Ба ҳар сари хонавода тақрибан 10 ҳазор сомонӣ рост меояд. Сохтмони мактаб беш аз ду моҳ аст, ки идома дорад ва ҳамарӯза дар кори сохтмони он аз 150 то 200 нафар иштирок мекунад. Бинокорон ҳама ройгон кор мекунанд ва касе ҳаққи хидмат намегирад.»-иттилоъ додааст Фитрати Ҳикмат.

Фитрат менависад, дар ҳашарҳо аз рӯйи синну сол ширкат мекунанд: “масалан, як рӯз мардони соли таваллудашон 1980, фардои дигар таваллудшудагони соли 1981 ва ҳамин тарз то соли 2002-03.”
Ин мактаб барои 350-400 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, сокинони деҳаи Истошон кӯшиш доранд сохтмони ин мактабро то соли нави таҳсил ба анҷом расонанд ва дар рӯзи якуми сентябри 2022 онро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад