25 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардидааст.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин ва Муовини Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илм, хонум Денис Пирес де Карвалиё суханронӣ намуданд.
Дар барномаи консертӣ ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон, навозандагони Оркестри давлатии симфонӣ, сарояндагон ва гурӯҳҳои рақсии миллӣ ҳунари худро манзури меҳмонон намуда, намунаҳои барҷастаи мусиқии классикӣ, анъанавӣ ва санъати миллии тоҷикро муаррифӣ карданд.



