Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки моро дар назди ҷомеа муайян месозад.
Пойгоҳи ҷавонони ҶОМ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҷавонони кишварро табрик мегӯяд!
Донистани Конститутсия ба мо имкон медиҳад, ки ҳуқуқи худро беҳтар бишносем, аз он ҳимоя кунем ва ба ҳуқуқи дигарон низ эҳтиром бигзорем.
Ҷавонони огоҳ — ҷомеаи огоҳ ва ояндаи устувор!



