ОЛАМИ МАҶОЗӢҲамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

-

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар диданд. Дар шабакаҳои маркази савдо ё супермаркетҳои Delhaize, Carrefour, Spa ва чанд ширкати дигар шаби якшанбе ба душанбе ҳамлаи бузурги сайберӣ рух дод.

Даҳҳо маркази савдо дар кишварҳои Аврупо хабар додаанд, ки ҳарорати дохили яхдонҳо ва утоқҳои сардкунанда дар давоми шаб якбора баланд шудааст. Ин ҳолат нигарониҳоро дар бораи эҳтимоли ҳамлаи ҳакерӣ ба вуҷуд овард. Чанд ҳафта пеш дар Фаронса низ ҳодисаи монанд рух дода буд.

Ҳамла ба шабакаҳои маркази савдо дар Белгия, Шветсия, Эстония, Нидерланд, Люксембург ва Ирландия таъсир расондааст.

Аввалин хабарҳо дар бораи ин ҳодиса дирӯз, 2 ноябр аз Белгия расиданд. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳарорати дохили яхдонҳо то 70 дараҷа боло рафта, дар натиҷа маҳсулоти ғизоӣ ба маблағи 100 ҳазор евро нобуд карда шудааст.

Нашрияи белгиягии Le Soir хабар медиҳад, ки дар ин кишвар тақрибан 40 мағозаи Delhaize Proxy, 15 нуқтаи Carrefour Shop & Go ва панҷ нуқтаи фурӯши сӯзишвории Spar Q8 зарар дидаанд. Шабакаи мағозаҳои гӯштфурӯшии De Laet en Van Haver низ аз осеб дидани яхдонҳояш хабар додааст.

Намояндаи ширкати Delhaize ба Euronews гуфтааст, ки дар даҳҳо мағозаи ин шабака мушкили фаннӣ дар низоми идоракунии яхдонҳо ошкор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ширкат барои таъмини фаъолияти муътадили мағозаҳо фавран чораҳои зарурӣ андешидааст.

Намояндаи бахши белгиягии Carrefour Мих Вергаувен бошад, ҳодисаро ҳамлаи сайберӣ номида, гуфтааст, ки сабаби дигаре вуҷуд надорад. Дар як қатор мағозаҳои шабакаи супермаркетҳои ICA дар Шветсия низ мушкилот ба вуҷуд омадааст.

Ширкати Musgrave, ки соҳиби шабакаи SuperValu мебошад, изҳор кардааст, ки эҳтимолан 13 мағозаи он дар Ирландия низ ҳадафи ҳамлаи сайберӣ қарор гирифтаанд.

Дар Эстония, тибқи хабарҳои расонаҳои маҳаллӣ, танҳо як супермаркети шабакаи Selver зарар дидааст.

Ширкати Delhaize барои пешгирӣ аз ҳодисаи монанд дар Люксембург низ фаъолияти низоми коркарди фармоишҳоро муваққатан боздоштааст.

Дар Нидерланд ҳамла ба низоми сардкунӣ ва яхкунонии ҳадди ақал 17 корхона таъсир расондааст. Дар ин бора намояндаи ширкати таъминкунандаи таҷҳизоти яхдон ба расонаҳо хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, марказҳои савдои ин кишвар аз ҳамла осеб надидаанд.

Ин ҳодисаҳо баъд аз ҳамлаи монанд дар Фаронса рух додаанд. Рӯзи 12 октябр садҳо маркази савдои шабакаҳои Intermarché ва Coopérative U ҳадафи ҳамлаи сайберӣ қарор гирифта буданд, ки ба низоми яхдонҳои онҳо равона шуда буд.

Ба навиштаи нашрияи Belga, ҳамлаи Белгия бо истифода аз ҳамон усуле анҷом шудааст, ки дар ҳамлаи қаблӣ ба супермаркетҳои Фаронса истифода шуда буд. Ширкати Sabcobel дар бораи осеб дидани тақрибан 20 дастгоҳ дар Белгия маълумот додааст.

Акс аз манбаъщои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...
spot_imgspot_img

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад