Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз мақомоти Лаҳистон талаб карданд, ки истифодаи зеҳни сунъиро қатъӣ танзим кунад. Ин роҳпаймоиро ҷунбиши Democratism ташкил кардааст. Ҳадафи он оғози баҳс дар бораи таъсири зеҳни сунъӣ ва роботонии бозори меҳнат унвон мешавад. Яке аз иштирокчиёни ин иқдом ба саволҳои рӯзноманигорон посух додааст. «Роботҳое, ки имрӯз дар ин ҷо ҳастанд, бояд нишон диҳанд, ки ин технология аллакай ба воқеият табдил ёфтааст», — мегӯяд Agibot A3, яке аз роботҳои инсоншакли бар пояи зеҳни сунъӣ сохташуда.



