МУВАФФАҚИЯТАслам Мӯминзод: Блогинг дастрасӣ ба иттилоотро беҳтар мекунад  

Аслам Мӯминзод: Блогинг дастрасӣ ба иттилоотро беҳтар мекунад  

-

Аслам Мӯминзод

Ба наздикӣ дар Душанбе нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар бораи пешбурди блогҳо бо номи “Блогинг, қадам ба қадам” чоп шуд, ки барои блогерон ва рӯзноманигорон ва доираи васеъи хонандагон пешниҳод шудааст. Китоби мазкур  аз ҷониби рӯзноманигор, таҳлилгари иқтисодӣ ва пажӯҳишгари мавзӯъи блогинг ва воситаҳои дастрасӣ ба иттилоот Аслам Мӯминзод (Аслам Мӯминов) навишта шуда, дар нашриёти “Ирфон” ба табъ расидааст. Мо роҷеъ ба  ин китоби нав ва масоили марбут ба блогинг, мушкилоти блогерон ва роҳҳои муваффақ намудани блогҳо бо ӯ суҳбат намудем.

Чӣ боис шуд, ки шумо дар бораи блогинг китоб нависед?

-Аслан ман мавзӯъи блогинг ва дастрасӣ ба иттилоотро таи чанд соли охир пажӯҳиш мекунам.  Ин пажӯҳиш барои он муҳим буд, ки блогинг то куҷо метавонад, ба масъалаи дастрасӣ ба иттилоотро таъмин кунад ва блогҳо чӣ гуна метавоннанд боманфиат бошанд. Вале ангезаи аслӣ барои таҳияи ин китоб сифати он блогҳое, буд, ки дар солҳои охир аз сӯи бархе ҷавонон пайдо шуданд, ки дар сатҳи паст қарор доштанду доранд. Бинобар ин, ниёз ба як дастури роҳнамо барои фаъолияти блогерӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониши блогерону рӯзноманигорон барои фаъолияти блогерӣ зиёд эҳсос мешуд. Бинобар ин тасмим гирифтам, ки бар асоси пажӯҳишҳои худ ин китобро таҳия кунfм ва ба хоҳишмандони кори блогерӣ пешниҳод кунем.

Ин китоб барои беҳтар намудани сифати блогҳо чӣ нақше метавонад дошта бошад?

-Китоби мазкур ҳамчун дастури роҳнамо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши блогерону рӯзноманигорон барои пешбурди фаъолияти блогерӣ таҳия шудааст. Талош кардем, ки дар он дар бораи тамоми ҷанбаҳои блогинг маълумот  диҳем. Худи китоб аз ҳашт қисм иборат аст ва дар ин ҳашт қисмат дар бораи фаъолияти блогерӣ, намудҳои блогҳо, намудҳои платформаҳои блогинг, тафовути онҳо аз ҳамдигар, усулҳои интихоб ва истифодаи босамари платформаҳо, роҳҳои кушодани блогҳо, ҳуқуқ барои пешбурди блог, усулҳои эҷод намудани контенти босифат, роҳҳои афзоиши муштариёни блог, роҳҳои пул кор кардан аз блогҳо ва роҳҳои муваффақ намудани  блогҳо  маълумоти муфассал пешниҳод шудааст. Агар ҳар блогер онро хонад ва аз рӯи тавсияҳои он амал кунад, умед аст, ки сифати блогҳои ӯ  беҳтар хоҳад шуд.

Ба андешаи шумо барои муваффақ шудани блогҳо чӣ лозим аст?

-Албатта муваффақ шудани блогер аз омилҳои зиёде вобастааст. Аммо ба назари ман муҳим аст, ки пеш аз ҳама  бояд блогер чизе эҷод кунад, ки ба дарди мардум хурад ва ба талаботи корбарон ҷавобгӯ бошад. Фаромуш набояд кард, ки корбарон маъмулан барои пайдо кардани маълумот дар бораи роҳи ҳали мушкили худ ба интернет муроҷиат мекунанд.  Ҳоло одамон ҳатто барои чӣ тавр ба гулҳо об додан барои маслиҳат гирифтан дар платформаҳои блогерӣ маълумот меҷӯянд. Блогерҳои муваффақ мушкилот ва талаботи мухотабони худро медонанд ва кӯшиш мекунанд , контенте эҷод кунанд, ки мушкилоти онҳоро ҳал намояд. Ба ин далел, блогер бояд контентро тарзе таҳия кунад, ки ба ниёзи одамон ҷавобгӯ бошад ва ба онҳо роҳи ҳали мушкилоташонро нишон диҳад. Ин тадриҷан ба афзоиши мухотабони блог ва муваффақ шудани онҳо мусоидат менамояд.

Яъне муваффақ шудани блогер аз мавзӯъи блог вобаста аст?

-Бале, ин яке аз омилҳо барои муваффақ шудани блогер аст. Ба назари ман блогер бояд ҳангоми интихоби мавзӯъи контент дуруст андеша кунад. Агар блогер мавзӯъро хуб намефаҳмад, беҳтар аст, ки дар бораи он мавод  омода накунад. Зеро эҷод кардан дар бораи чизе, ки блогер онро дуруст намефаҳмад, боис ба беэътибор шудани блог ва пайдоиши шарҳҳои манфӣ мешавад.  Ба ин далел блогер бояд соҳаеро барои контент сохтан интихоб кунад, ки дар он қаввӣ бошад. Масалан, агар блогер донандаи хуби технология ва бозиҳои компютерӣ аст, бояд  мавзуъи блоги ӯ ҳамин бошад. Блогер бояд талош кунад, ки дар мавзӯъе матлаб омода кунад, ки дар он тавоно бошад.  Агар мавзӯъ барои блогер  фаҳмо набошаду аммо он барои мухотабон муҳим бошад , блогер бояд ин мавзуъро аз манбаъҳои гуногун мустақилона омӯзад ва баъдан иттилооте, ки ба даст овардааст, дар шакли мухтасару осонфаҳм пешниҳод кунад.

-Барои аз ҷиҳати молиявӣ фоидаовар кардани блогҳо чӣ лозим аст?

-Манфиаттовар намудани блогҳо аз шумораи пайравони блог ва донистани роҳҳои пулкоркунӣ аз блог вобастааст. Барои ин блогер бояд барои зиёд намудани шумораи пайравони худ кӯшиш кунад ва дар баробари ин донишҳои зарурӣ барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои таблиғотиро омӯзад. Зиёд будани пайравони блог  боис мешавад, ки ширкатҳои тиҷоратӣ барои таблиғи молу хизматрасонии худ  ба блогҳо таваҷҷуҳ кунанд ва аз минбари онҳо барои афзудани ҳаҷми фурӯши маҳсулот истифода баранд. Тасаввур кунед, як блогере, ки миллионҳо муштарӣ дорад, маҳсулоти ширкатеро таблиғ кунад, ҳамон миллионҳо нафар ин таблиғотро мебинанд ва дар бораи ҳамон маҳсулот маълумот дарёфт мекунанд. Аз ин шумора агар теъдоди ками муштариён маҳсулоти ҳамон ширкати тиҷоратиро харанд, ҳам  ширкат фоида мебинад. Албатта, ин ширкат ба блогер дар ивази таблиғоти худро дар блог гузоштан маблағ медиҳад.

Блогинг то куҷо метавонад дастрасӣ ба иттилоотро осон кунад?

-Блогинг метавонад дастрасӣ ба иттилоотро бо чанд роҳ ба таври назаррас беҳтар созад. Аввалан, блогинг  барои шахсони алоҳида шароит фароҳам меорад, ки дониш, таҷриба ва андешаҳои худро дар мавзӯъҳои муайян нашр кунанд.  Баъдан, блогҳо бо услуби ғайрирасмӣ ва гуфтугӯӣ таҳия мешаванд ва ин иттилоотро барои хонандагон дастрас ва осонфаҳм мекунад. Блогҳои соҳавӣ ба мисли блогҳои тиббӣ метавонанд ба мухотабони мушаххас маълумоти амиқ ва мувофиқ пешниҳод кунанд. Ҳамчунин блогҳо  имконияти шарҳнависиро фароҳам мекунанд, тавассути онҳо корбарон метавонанд бо муаллифони блогҳо муошират кунанд ва табодули афкор сурат гирад. Ба ин тариқ блогинг барои одамон пайдо кардани маълумоти мувофиқро осонтар мекунанд.

-Оё ин имкон вуҷуд дорад, ки блогинг ҷои расонаҳои маъмулии иттилоотиро гирад, масалан ҷои телевизионро?

-Ба фикри ман блогинг ҷои расонаҳои касбии иттилоотӣ ба мисли барномаҳои хабариии телевизионҳоро наметавонад гирад. Иттилооте, ки дар расонаҳои маъмулӣ нашр мешаванд, бо касбияти баланд омода мешаванд ва аз ин ҷиҳат он аз блогҳо фарқи калон дорад. Дар ҳамин ҳол блогҳо ва платформаҳои онҳо барои дастрас намудани  иттилооти расонаҳои маъмулӣ нақши муҳим мебозанд. Ҳоло мебинем, ки аксари хабаргузориҳои олам дар шабакаҳои иҷтимоӣ блогҳои худро доранд ва он ҷо маводи худро мегузоранд. Онҳо ҳадди ақал линки сомонаи иттилоотии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мемонанд, то корбарон бо нохун задан ба сомонаи онҳо ворид шаванд. Мисоли оддӣ, аксари телевизионҳои машҳури дунё  дар  Youtube имрӯз блоги худро доранд ва бо гузоштани барномаҳои худ дар  онҷо дастрасиии корбарон ба онро таъмин менамоянд. Ё мисоли дигар, оҷонсиҳои хабарӣ дар Телеграмм блоги худро мекушоянд ва тариқи он хабарҳоро дар ихтиёри корбарон мегузорад. Ҳамин гуна як блогер ё як журналист ҳам метавонад, дар блоги худ хабарҳои навиштааш ё наворҳои сабт намудаашро барои корбарон гузорад. Бинобар ин блогинг метавонад, дар дастрасӣ ба иттилоот саҳим бошад.

Сафарбек Кабиров

 

Aslam Muminzod: Blogging improves access to information

Recently in Dushanbe, the first book in Tajik language about running blogs called «Blogging, step by step» is published, which is offered to bloggers and journalists and a wide range of readers. This book is written by journalist, economic analyst, and researcher on blogging and information access Aslam Muminzod (Aslam Muminov), and was published by the “Irfon” publishing house. We talked with him about this new book and issues related to blogging, bloggers’ problems and ways to make blogs successful.

-What made you write a book about blogging?

-I have been researching the topic of blogging and access to information for the past few years. This research was important because it showed how blogging can contribute to the issue of access to information and how blogs can be useful. However, the real motive for writing this book was the quality of blogs that were and are at a low level and that have been created in recent years by some young people. Therefore, there was a great need for a guide to blogging to improve the knowledge of bloggers and journalists for blogging. That is why I decided to write this book based on my research and offer it to people who are interested in blogging.

-What role can this book play in improving the quality of blogs?

-This book is prepared as a guide in order to increase the level of knowledge of bloggers and journalists to promote blogging activities. I have tried to provide information about all aspects of blogging in it. The book consists of eight parts, and these eight parts provide detailed information about blogging, types of blogs, types of blogging platforms, their differences from each other, methods of choosing and using platforms effectively, ways of opening blogs, the right of doing blog, methods of creating quality content, ways of increasing blog subscribers, ways of monetization blogs and ways of making blogs successful. If every blogger reads this book and acts according to its recommendations, it is hoped that the quality of his blogs will be better.

-In your opinion, what does it take to make a blog successful?

-Of course, the success of a blogger depends on many factors. However, in my opinion, it is important that, first of all, a blogger should create something that helps to solve people’s problems and meets the needs of users. It should not be forgotten that users usually inter to the Internet to find information about how to solve their problems. Nowadays, people even look for advice on how to water flowers on blogging platforms. Successful bloggers know the problems and needs of their audience and try to create content that solves their problems. For this reason, a blogger should create content in a way that meets people’s needs and shows them solutions to their problems. This gradually contributes to the growth of the blog’s audience and their success.

-That is, the success of a blogger depends on the topic of the blog?

-Yes, this is one of the factors for the success of a blogger. In my opinion, a blogger should think carefully when choosing a content topic. If a blogger does not understand the topic well, it is better not to prepare material about it. Because creating something that the blogger does not understand properly will lead to the discrediting of the blog and the appearance of negative comments. For this reason, a blogger should choose a field of creating content in which he is strong. For example, if a blogger is well versed in technology and computer games, this should be the topic of his blog. A blogger should try to prepare an article on a topic in which he is strong. If the topic is not understandable to the blogger, but it is important for the audience, the blogger should independently study this topic from various sources and then present the information he has obtained in a concise and easy-to-understand form.

What is necessary to make blogs financially profitable?

-Making blogs profitable depends on the number of blog followers and knowing how to make money from a blog. To do this, a blogger should try to increase the number of his followers and at the same time learn the necessary knowledge to work with advertising companies. The large number of blog followers makes commercial companies pay attention to blogs to advertise their goods and services and use their platform to increase sales. Imagine a blogger with millions of subscribers promoting a company’s products, those same millions of people see these advertisements and learn about the same products. From this number, if a small number of subscribers buy the products of the same commercial company, the company also benefits. Of course, this company pays the blogger money in exchange for placing its advertisements on the blog.

-How can blogging facilitate access to information?

-Blogging can significantly improve access to information in several ways. First, blogging provides a platform for individuals to share their knowledge, experiences, and opinions on a particular topic. Second, blogs have an informal, conversational style and it makes the information accessible and easy to understand for readers. Industry-specific blogs, such as medical blogs, can provide in-depth, relevant information to a specific audience. Blogs also provide commenting, which allows users to interact with blog authors and exchange ideas. With this way, blogging makes it easier for people to find relevant information.

-Is it possible for blogging to replace traditional media, such as television?

-In my opinion, blogging cannot replace professional media, such as television news programs. The information published in traditional media is prepared with high professionalism, and therefore it is very different from blogs. At the same time, blogs and their platforms play an important role in making traditional media information available. Now we see that most news agencies in the world have their own blogs on social networks and post their materials there. They leave at least a link to their news site on social networks so that users can visit their site by clicking on it. For example, most of the world’s famous TV channels on YouTube today have their own blogs and provide users with access to them by posting their programs there. Or, for another example, news agencies open their blogs on Telegram and make news available to users through them. Similarly, a blogger or journalist can post his/her written news or recorded videos on his/her blog for users. Therefore, blogging can contribute more to access to information.

By Safarbek Kabirov

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Миронов: писари роҳбари диаспораи Озарбойҷон бо дархости ман боздошт шуд!

Сергей Миронов, вакили миллатгарои Думаи давлатии Русия тариқи саҳифаи хеш дар x (twitter) хабар дод, ки маҳз бо дархости...

Русия ба муҳоҷирон ID-ҳуҷҷати ягона омода мекунад

Бар асоси захираҳои иттилоотии "Профили рақамии шаҳрвандони хориҷӣ" дар Русия корти ID ҷорӣ хоҳад шуд, ки шахсияти муҳоҷиронро тасдиқ...

Роҳи муҳоҷирони гирифтори гепатити «B», «C» сил ба Русия баста мешавад

Раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба масъалаҳои меҳнат Ярослав Нилов дар канали телеграми худ хабар дод, ки ба...

Amazon ва Google барои фароҳамсозии имконоти «бараҳнасозии» занон муттаҳам мешаванд

Amazon ва Google барои фароҳамсозии имконоти «бараҳнасозии» занон тавассути зеҳни сунъӣ муттаҳам мешаванд. Саноати бисёрмиллиондоллара, ки бо ёрии зеҳни сунъӣ...
spot_imgspot_img

Омодагии шаҳрдорӣ ба мусобиқаи «Шоми бокс»

Чигунагии баргузории мусобиқаи "Шоми бокс" таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ дар як ҷаласа баррасӣ шудааст. Ба...

ФИФА истеъдодҳои ҷавонро дар саросари кишвар меҷӯяд

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи «Talent Development Scheme»-и ФИФА раванди ҷустуҷӯ ва интихоби истеъдодҳои ҷавонро дар саросари кишвар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад