ОЛАМИ МАҶОЗӢTelegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

-

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки ҳангоми санҷиш маводе ошкор шудааст, ки ба зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон марбут дониста мешавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters хабар медиҳад.
Намояндаи ширкати Apple тасдиқ кардааст, ки замима муваққатан аз App Store хориҷ карда шуд, зеро дар ҷараёни санҷиш муҳтавоеро ошкор намуданд, ки қоидаҳои ширкатро оид ба манъи маводи марбут ба зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон вайрон мекард.
Ба гуфтаи ӯ, замимаи Telegram баъд аз он дубора дар App Store дастрас гардид, ки таҳиягарон фавран муҳтавои мазкурро ҳазф карда, корбареро, ки онро нашр кардааст, масдуд намуданд.
Telegram таъкид кардааст, ки нисбат ба чунин мавод сиёсати «таҳаммулнопазирӣ» дорад. Тибқи омори ширкат, танҳо дар соли 2026 маъмурияти месенҷер 337 ҳазору 942 гурӯҳ ва шабакаи марбут ба чунин муҳтаворо масдуд кардааст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад