ОЛАМИ МАҶОЗӢЯндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб...

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

-

Ширкати «Яндекс» барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи «Яндекс мед» ба қайд гирифтааст. Ба навиштаи рӯзномаи «Ведомости», ҶДММ «Яндекс мед» 31 июли соли 2026 дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқии Русия сабти ном шудааст.

Тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқии Русия, самти асосии фаъолияти ҶДММ «Яндекс мед» таҳияи нармафзори компютерӣ мебошад.

Ба гуфтаи «Яндекс», ёвари зеҳни сунъии «Яндекс мед» барои автоматикунонии як қисми корҳои такрории табибон дар дармонгоҳҳои Москва пешбинӣ шудааст. Ин система метавонад гуфтугӯи табиб бо беморро ба матн табдил дода, дар асоси он лоиҳаи ибтидоии протоколи муоина таҳия кунад, маълумотро аз пойгоҳи донишҳои тиббӣ ҷустуҷӯ намояд ва маълумоти корти электронии беморро ҷамъбаст созад.

Бо вуҷуди ин, қарорҳои ниҳоӣ оид ба ташхиси беморӣ ва таъйини доруворӣ ҳамоно танҳо аз ҷониби табиб қабул карда мешаванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад