ҲАЁТИ СОЛИММактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

-

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки барои таҳкими марзҳои берунии Иттиҳод «корҳои муштарак» анҷом диҳанд. Дар номаи ӯ ба сарвазири Испания Педро Санчес, ки рӯзи 3 август матни он дар ихтиёри хабаргузориҳои AFP ва Reuters қарор гирифт, чунин пешниҳодҳо баён шудаанд.
Ин нома дар посух ба афзоиши муҳоҷирон ба шаҳри худмухтори Испания — Сеута, ки дар соҳили африқоии тангнои Гибралтар ҷойгир буда, бо Марокаш ҳамсарҳад аст, ирсол шудааст. Ба гуфтаи фон дер Ляйен, ин ҳодиса нишон медиҳад, ки барои ҳифзи минтақаҳои осебпазири марзии Иттиҳоди Аврупо бояд тадбирҳои бештар андешида шаванд.
Раиси Комиссияи Аврупо аз ҷумлаи тадбирҳои эҳтимолӣ пурзӯр кардани назорати марзӣ ва дар ҳолати зарурӣ истифодаи монеаҳои физикиро ном бурд. Ӯ таъкид кард, ки ҳифзи тамоми марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо масъулияти муштараки ҳамаи кишварҳои узви он мебошад.
Ҳамзамон, фон дер Ляйен тадбирҳои иловагии ҳукумати Испанияро барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусбат арзёбӣ карда, ба Педро Санчес барои идоракунии вазъ изҳори сипос намуд. Дар нома гуфта мешавад, ки Испания ва Марокаш тавонистаанд аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Аврупо пешгирӣ кунанд.
Инчунин, Оҷонси Аврупо оид ба ҳифзи марзҳо — Frontex омодагии худро барои густариши ҳузур дар Сеута изҳор кардааст. Дар Брюссел ҳамчунин беҳтар намудани дастгирии техникӣ ва молиявии Марокашро низ пешниҳод мекунанд.
Ин нома дар арафаи ҷаласаи изтирории вазирони корҳои дохилии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки 4 август баргузор мешавад, ирсол гардидааст. Дар ин нишаст вазъ дар Сеута баррасӣ хоҳад шуд.
Аз аввали ҳафтаи гузашта даҳҳо ҳазор нафар аз Марокаш тавассути баҳр ё роҳи хушкӣ ғайриқонунӣ ба шаҳри Сеута ворид шуданд. Аҳолии ин шаҳр тақрибан 85 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Муҳоҷироне, ки аз роҳи баҳр меомаданд, аз воситаҳои оддии шинокунанда, аз ҷумла ҳалқаҳои бодшаванда ва чархҳои мошин истифода мебурданд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Испания, аксари муҳоҷирони воридшуда ҷавонони то 30-сола мебошанд.
Сабаби аслии афзоиши муҳоҷирон то ҳол рӯшан нест. Яке аз фарзияҳо паҳн шудани овозаҳо аз ҷониби қочоқбарон дар бораи боз будани марз аст. Ҳамчунин, ба қарори Суди Олии Испания ишора мешавад, ки тартиби содакардашудаи бозгардондани муҳоҷирони дар баҳр боздоштшударо манъ кардааст.
Созмони ҳуқуқи башари марокашӣ аз «қариб 130 қурбонӣ» ва даҳҳо нафар бедаракшуда дар ҷараёни кӯшиши вуруди муҳоҷирон аз Марокаш ба Сеута хабар додааст. Фаъолони ҳуқуқи башар даъват карданд, ки барои муайян намудани тамоми ҷузъиёти ҳодиса ва масъулони он таҳқиқоти ҷиддӣ ва мустақил гузаронида шавад.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад