ОЛАМИ МАҶОЗӢСукерберг: Суперзеҳн бояд барои ҳама дастрас бошад, на танҳо...

Сукерберг: Суперзеҳн бояд барои ҳама дастрас бошад, на танҳо барои ширкатҳои бузург

-

Роҳбари ширкати Meta Марк Сукерберг номаи бозеро дар бораи рушди зеҳни сунъӣ нашр кард. Дар он ӯ зидди тамаркузи системаҳои пуриқтидори зеҳни сунъӣ дар ихтиёри шумораи ками ширкатҳо ё сохторҳои давлатӣ сухан гуфта, таъкид кардааст, ки вазифаи асосии солҳои наздик дастрас кардани суперзеҳнҳо ба ҳар як инсон мебошад.

Ба гуфтаи Сукерберг, зеҳни сунъӣ бояд воситаи эҷоди донишҳои нав, технологияҳо ва соҳибкорӣ бошад, на танҳо абзори худкорсозии равандҳои мавҷуда. Ӯ бар ин назар аст, ки суперзеҳни инфиродӣ метавонад ба одамон дар таҳияи доруҳои нав, таъсиси ширкатҳои шахсӣ, азхудкунии босуръати малакаҳои нав ва ҳалли самараноки масъалаҳои рӯзмарра кумак кунад. Ба андешаи ӯ, саҳми асосии зеҳни сунъӣ дар рушди ҷомеа ихтироъкорӣ хоҳад буд, на иваз кардани меҳнати инсон.

Сукерберг ҳамчунин идеяи назорати мутамаркази суперзеҳнро танқид кард. Ба гуфтаи ӯ, агар чунин технологияҳо танҳо дар ихтиёри шумораи маҳдуди созмонҳо бошанд, ин метавонад ба таъсири аз ҳад зиёд ба иқтисод, илм ва сиёсат оварда расонад. Ба ҷои ин, ӯ пешниҳод мекунад, ки ҳар як инсон ёвари шахсии худро дар асоси зеҳни сунъӣ дошта бошад.

Барои шарҳи андешаи худ ӯ чунин мисол меорад:

«Тасаввур кунед, ки танҳо як нафар ҳуқуқшиноси дорои суперзеҳн дорад. Ӯ ҳатто дар ҳолате, ки ҳақ нест, дар додгоҳ бартарии ноодилона пайдо мекунад. Ин ба ҷомеа зарар мерасонад. Аммо агар ҳар кас чунин ҳуқуқшиноси суперзеҳн дошта бошад, адолати судӣ нисбат ба имрӯз хеле одилона ва самараноктар мегардад. Вақте одамон дорои имкониятҳои баробар мешаванд, онҳо метавонанд ҳамдигар ва инчунин нуфузи ниҳодҳои бузургро ба таври табиӣ  дар тавозун нигоҳ доранд.»

Сукерберг мутмаин аст, ки паҳншавии васеи суперзеҳн бозори меҳнатро аз байн намебарад, балки имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ба пешгӯии ӯ, таъсиси тиҷорати шахсӣ осонтар шуда, иқтисод бештар ба соҳибкорӣ такя мекунад ва шумораи ширкатҳои хурд афзоиш меёбад.

Дар ширкати Meta бар ин назаранд, ки рушди зеҳни сунъӣ бояд ба принсипҳои озодӣ, таҳқиқоти кушода, соҳибкорӣ ва дастрасии баробар ба технологияҳои нав асос ёбад.

Ҷолиб он аст, ки Илон Маск низ пайванди ин номаи кушодаи Марк Зукербергро дар саҳифаи худ нашр кардааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳакерҳо ба маълумоти шахсии 900 ҳазор нафар дар Австралия дастрасӣ пайдо карданд

Ширкати энергетикии австралиягии Origin Energy тасдиқ кард, ки дар натиҷаи ҳамлаи ахири киберӣ ҷинояткорон ба маълумоти шахсии тақрибан 900...

Ихроҷи маълумоти шахсии ситораҳои Ҳолливуд: Анджелина Ҷолӣ низ дар байни осебдидагон

Ба иттилои як коршиноси амнияти сайберӣ, маълумоти шахсии чандин чеҳраи маъруфи Ҳолливуд, аз ҷумла Анджелина Ҷолӣ ва Роберт Де...

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби наврасон яке аз мавзӯҳои асосии сиёсати ИА

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ аз ҷониби наврасон ба яке аз мавзӯъҳои асосии сиёсати Иттиҳоди Аврупо табдил ёфтааст....

Си Ҷинпин: Рушди зеҳни сунъӣ бояд натиҷаи ҳамкории ҷаҳонӣ бошад, на сиёсати як кишвар

Дар пасманзари идомаи маҳдудиятҳои Иёлоти Муттаҳида барои дастрасии Чин ба технологияҳои пешрафта, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни...
spot_imgspot_img

Zeekr 9X худрави бидуни ронандаро пешниҳод кард

Zeekr 9X нахустин мошине гардид, ки дохили он ба стандарти миллии Чин барои ронандагии худкор дар сатҳи L3 мутобиқ...

Мутахассисони соҳаи ҳифзи кӯдак барои татбиқи усулҳои нави омӯзиш омода мешаванд

Дар шаҳри Душанбе аз 21 то 24 июли соли 2026 омӯзиши омӯзгорон (Training of Trainers – ToT) дар мавзуи...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад