ОЛАМИ МАҶОЗӢИхроҷи маълумоти шахсии ситораҳои Ҳолливуд: Анджелина Ҷолӣ низ дар...

Ихроҷи маълумоти шахсии ситораҳои Ҳолливуд: Анджелина Ҷолӣ низ дар байни осебдидагон

-

Ба иттилои як коршиноси амнияти сайберӣ, маълумоти шахсии чандин чеҳраи маъруфи Ҳолливуд, аз ҷумла Анджелина Ҷолӣ ва Роберт Де Ниро, дар натиҷаи ихроҷи маълумот фош шудааст.

Telegraph хабар медиҳад, ки рақамҳои телефони шахсӣ ва нишони почтаи электронии онҳо пас аз он дастрас гардиданд, ки чанд пойгоҳи додаҳои марбут ба Ҷашнвораи филми Tribeca дар интернет нашр шуданд.

Дар байни осебдидагон инчунин коргардонҳои маъруф Мартин Скорсезе, Ҷорҷ Лукас ва Дэнни Бойл, ҳамчунин ҳунармандон Морган Фриман, Ҷеннифер Лоуренс ва Вайнона Райдер низ ҳастанд.

Коршиноси амнияти сайберӣ Ҷеремайя Фоулер, ки аввалин шуда дар бораи ин ҳодиса хабар дод, мегӯяд, моҳи гузашта ҳангоми таҳқиқот ба ин маълумот дастрасӣ пайдо карда, фавран масъулони Ҷашнвораи Tribeca-ро огоҳ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, чор пойгоҳи додаи осебдида тақрибан 666 ҳазор сабт-ро дар бар мегирифтанд, ки ба давраи солҳои 2019–2026 ва фаъолияти ҷашнвораи солонаи филм дар Ню-Йорк марбут буданд.

Аксари файлҳо ба маводи маркетингӣ вобаста будаанд, аммо яке аз онҳо рақамҳои телефон ва суроғаҳои почтаи электронии шахсони машҳурро дар бар мегирифт, ки эҳтимолан маълумоти шахсӣ мебошанд.

Ба гуфтаи Фоулер, чунин маълумот метавонад барои ҳамлаҳои фишинг, паҳн кардани нармафзори зараровар ва фиристодани паёмҳои қаллобона аз номи дӯстон ё аъзои оилаи ситораҳо истифода шавад.

Дар посух, намояндагони ҷашнвора гуфтанд, ки масъалаи амнияти маълумотро хеле ҷиддӣ қабул мекунанд, таҳқиқотро оғоз намудаанд ва пойгоҳҳои додаи осебдидаро аз дастрасии умумӣ хориҷ кардаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин маълумот чанд вақт дар интернет дастрас буд ва оё шахсони дигар низ ба он дастрасӣ пайдо кардаанд. Ҳамчунин то ҳол далеле вуҷуд надорад, ки худи Ҷашнвораи Tribeca сабаби мустақими ихроҷи маълумот бошад.

Ҷеремайя Фоулер натиҷаҳои таҳқиқоти худро дар блоги як ширкати VPN нашр карда, таъкид намуд, ки ҳамчун муҳаққиқи ахлоқии амнияти киберӣ маълумоти ошкоршударо боргирӣ намекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф танҳо огоҳ кардани созмонҳои дахлдор ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи аҳамияти ҳифзи маълумоти ҳассос мебошад.

Дар солҳои охир шахсони машҳур борҳо ҳадафи ҳамлаҳои киберӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, соли 2020 зиёда аз 100 ҳисоби Twitter (ҳоло X) рахна шуда буд. Он вақт ҳисоби Илон Маск, Канйе Уэст, Ким Кардашян, Барак Обама, Ҷо Байден, Билл Гейтс ва Ҷефф Безос барои таблиғи қаллобии марбут ба Bitcoin истифода шуданд.

Дар робита ба он ҳодиса, Грэм Иван Кларк, ки он замон ҳамагӣ 17-сола буд, ба гуноҳи худ иқрор шуд. Ҳамчунин Ҷозеф Ҷеймс О’Коннор аз шаҳри Ливерпул барои ҷиноятҳои киберӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум гардид ва нисбат ба ду нафари дигар низ парванда боз шуда буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад