ОЛАМИ МАҶОЗӢЧаро ҷавонон бештар бо ChatGPT дар бораи мушкилоти шахсӣ...

Чаро ҷавонон бештар бо ChatGPT дар бораи мушкилоти шахсӣ суҳбат мекунанд?

-

Суҳбат бо ChatGPT дар бораи ҷудоӣ аз дӯстдошта, изтироб, мушкилоти муносибатҳо ё дарёфти маслиҳат пеш аз қабули қарорҳои муҳим рӯз аз рӯз маъмултар мешавад. 

Тибқи гузориши маҷаллаи Harvard Business Review, маъмултарин истифодаи зеҳни сунъии тавлидкунанда имрӯз дастгирии эҳсосӣ мебошад. Ин самт ҳатто аз вазифаҳое чун банақшагирии зиндагии шахсӣ, ҷустуҷӯи ҳадафи зиндагӣ ё ташаккули одатҳои солим пеш гузаштааст.

Ҳамзамон, пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи технологияҳо барои нигоҳубини саломатии равонӣ низ меафзояд. Дар Испания тақрибан 9 аз ҳар 10 ҷавони аз 16 то 19-сола барои гирифтани маълумот дар бораи саломатӣ аз технология истифода мебаранд. Дар Мексика бошад, тибқи гузориши AXA Mind Health Report, 71 дарсади аҳолӣ аз абзорҳои зеҳни сунъӣ барои дарёфти машварат вобаста ба саломатии равонӣ муроҷиат мекунанд.

Равоншиноси мексикоӣ Мария Фернанда Крус Уркиса гуфтааст, ки бисёре аз одамон пеш аз қабули қарорҳои муҳим, бахусус дар мавриди муносибатҳои шахсӣ ё ҷудоӣ, ба ChatGPT муроҷиат мекунанд.

Ба андешаи ӯ, бисёриҳо метавонанд бидуни тарси маҳкумшавӣ эҳсосоти худро баён кунанд ва фавран посух гиранд. Ин махсусан барои шахсони гирифтори изтироб муҳим аст.

Яке аз нигарониҳои асосии равоншиносон он аст, ки ChatGPT аксар вақт бо корбарон бо лаҳни хеле ҳамдардона ва мувофиқаткунанда суҳбат мекунад.

Ба гуфтаи Паредес, равондармонӣ танҳо дастгирӣ нест, балки баъзан рӯ ба рӯ кардани инсон бо воқеияти зиндагӣ низ мебошад.

Крус Уркиса низ мегӯяд, ChatGPT баъзан «аз ҳад ҳамдардӣ» нишон медиҳад, ки метавонад оромии муваққатӣ диҳад, аммо барои тағйироти амиқи равонӣ кофӣ нест.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ChatGPT метавонад барои дарёфти маълумот, ором кардани эҳсосот ё ҳамчун қадами аввал дар ҷустуҷӯи кумак муфид бошад. Аммо ҳангоми изтироби шадид, депрессия, осеби равонӣ ё дигар мушкилоти ҷиддии солимии равонӣ, муроҷиат ба равоншинос ё равондармонгари тахассусӣ ҳамоно интихоби муҳим ва муассир боқӣ мемонад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
1
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад