ҲАЁТИ СОЛИМ14 шарти Эрон ба Амрико

14 шарти Эрон ба Амрико

-

Хабаргузории эронии Меҳр,лоиҳаи ёддошти тафоҳум байни Эрон ва Амрикоро нашр кардааст. Ин санад аз 14 банд иборат буда, қатъи ҷанг, хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа, бекор кардани таҳримҳо ва озодсозии дороиҳои Эронро дар баробари гузаштҳои ҳастаии Теҳрон пешбинӣ мекунад.

Тибқи матни нашршуда, ёддошт нуктаҳои зеринро дар бар мегирад:

  • қатъи комил ва фаврии ҷанг дар ҳамаи ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар Лубнон;
  • уҳдадории ИМА ба принсипи дахолат накардан ба корҳои дохилии Эрон ва эҳтиром ба соҳибихтиёрии кишвар;
  • бекор кардани муҳосираи баҳрӣ дар давоми 30 рӯз;
  • азсаргирии фаъолияти Тангаи Ҳурмуз дар давоми 30 рӯз бо дарназардошти мувофиқаҳо бо Эрон;
  • уҳдадории ИМА барои берун бурдани нерӯҳои худ аз минтақаҳои ҳаммарз бо Эрон;
  • боздоштани таҳримҳо нисбат ба фурӯши нафт, маҳсулоти нафту кимиё ва дастрасии пурраи Эрон ба захираҳои молиявии худ;
  • пешниҳоди нақшаи барқарорсозии Эрон аз ҷониби ИМА ва муттаҳидонаш ба маблағи на камтар аз 300 миллиард доллар;
  • оғози музокирот дар давоми 60 рӯз барои расидан ба созишномаи ниҳоӣ оид ба масъалаҳои ҳастаӣ ва лағви пурраи таҳримҳо, инчунин қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Оҷонсии Байналмилалии Энергияи Атомӣ;
  • тасдиқи пойбандии Эрон ба Аҳднома дар бораи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ва даст кашидан аз истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ;
  • уҳдадории ИМА барои зиёд накардани шумораи нерӯҳои худ дар минтақа ва ҷорӣ накардани таҳримҳои нав дар ҷараёни музокирот;
  • озодсозии 24 миллиард доллар дороиҳои Эрон дар давоми 60 рӯзи музокироти ниҳоӣ, ки нисфи он бояд пеш аз оғози музокирот ба ихтиёри Эрон гузошта шавад;
  • таъсиси механизми назорат барои иҷрои созишнома;
  • тасдиқи созишномаи ниҳоӣ тавассути қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ;
  • оғоз нашудани музокироти ниҳоӣ то замони озодсозии нисфи дороиҳои Эрон, боздоштани таҳримҳои нафтӣ ва бекор кардани муҳосираи баҳрӣ.

Дар ин санад баррасии барномаи мушакии Эрон ва дастгирии гурӯҳҳои муқовимат аз рӯзномаи музокирот хориҷ карда шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон изҳор доштааст, ки матни мазкур ҳоло танҳо хусусияти аввалия дошта, ниёз ба баррасӣ ва такмили минбаъда аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори кишвар дорад. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад