ОЛАМИ МАҶОЗӢНатиҷаи як назарпурсӣ дар Аврупо: барои кор бо мо...

Натиҷаи як назарпурсӣ дар Аврупо: барои кор бо мо зеҳни сунъӣ мусоҳиба анҷом дод

-

Тақрибан 60 дарсади иштирокчиёни як назарсанҷии ахир дар Олмон гуфтаанд, ки аллакай бо зеҳни сунъӣ мусоҳибаи корӣ анҷом додаанд.

Ширкатҳое мисли Google системаҳои махсуси зеҳни сунъиро таҳия мекунанд, ки интихоби аввалияи номзадҳо ба ҷойи корро анҷом медиҳанд, тавассути телефон, видеочат ё паёмҳои матнӣ.

Таҳқиқоти платформаи ҷалби кадрҳо Glasshouse, ки тақрибан 3000 корҷӯро аз Британияи Кабир, Ирландия, Олмон ва Австралия фаро гирифтааст, нишон медиҳад, ки шумораи бештари номзадҳо аз иштирок дар мусоҳибаҳои бо зеҳни сунъӣ даст мекашанд.

Дар Олмон 57% кормандон аллакай бо зеҳни сунъӣ мусоҳиба гузаштаанд, аммо аз онҳо 42 дарсад раванди мусоҳибаро нотамом гузоштаанд. 

Беш аз нисфи онҳое, ки чунин мусоҳибаҳоро гузаштаанд, ҳеҷ гуна посухи мусбат нагирифтаанд: ё ширкат онҳоро нодида гирифтааст, ё то ҳол мунтазири ҷавобанд.

Маслиҳатҳои муассиртарин барои омодагӣ ба мусоҳиба — новобаста аз он ки бо инсон аст ё бо зеҳни сунъӣ— аз омӯзиши бодиққати тавсифи ҷойи кор, ҷамъоварии маълумот дар бораи ширкат ва дарки он иборатанд, ки ширкат кадом навъи кормандро меҷӯяд. Дар ин бора мушовири касбӣ Аманда Августин аз ширкати Careerminds мегӯяд.

«Ҳар қадаре ки шумо беҳтар омода бошед, ҳамон қадар мутобиқ кардани ҷавобҳоятон осонтар мешавад, ҳатто агар бо инсон не, балки бо ИИ суҳбат кунед», — гуфтааст ӯ.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад