ҲАЁТИ СОЛИМНабзи Тоҷикистон: Тоҷикистон дар коҳиши камбизоатӣ ва беҳтар шудани...

Набзи Тоҷикистон: Тоҷикистон дар коҳиши камбизоатӣ ва беҳтар шудани некуаҳволӣ дар дарозмуддат пешрафти назаррас ба даст овардааст

-

«Тоҷикистон дар коҳиши камбизоатӣ ва беҳтар шудани некуаҳволӣ дар дарозмуддат пешрафти назаррас ба даст овардааст. Сатҳи камбизоатӣ тибқи меъёрҳои миллӣ аз қариб 56 фоиз дар соли 2010 то тақрибан 20 фоиз дар соли 2024 коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин, сатҳи камбизоатӣ тибқи арзёбии худи аҳолӣ дар давоми даҳсолаи охир ба таври назаррас паст шудааст.»,-ин нукта дар мизи гирде, ки гурӯҳи камбизоатӣ ва баробарҳуқуқии Бонки Ҷаҳонӣ баргузор кардааст, зикр шудааст. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ натиҷаҳои охирини пурсиши “Набзи Тоҷикистон” муаррифӣ шудааст, ки қисми лоиҳаи ҷорӣ барои пайгирии некӯаҳволии хонаводаҳо ва назорати таъсири зарбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар тӯли замон аст. Се хулосаи асосии пурсиш чунинанд:

1.Тоҷикистон дар коҳиши камбизоатӣ ва беҳтар шудани некуаҳволӣ дар дарозмуддат пешрафти назаррас ба даст овардааст. Сатҳи камбизоатӣ тибқи меъёрҳои миллӣ аз қариб 56 фоиз дар соли 2010 то тақрибан 20 фоиз дар соли 2024 коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин, сатҳи камбизоатӣ тибқи арзёбии худи аҳолӣ дар давоми даҳсолаи охир ба таври назаррас паст шудааст
2. Бо вуҷуди коҳиши арзёбии худи аҳолӣ оид ба некуаҳволӣ дар давраи июл–сентябри соли 2025, амнияти озуқаворӣ ва молиявӣ тамоюли мусбатро нигоҳ доштаанд.
3. Муҳоҷират ва интиқоли маблағҳо ҳамоно аз ҷиҳати сохторӣ аҳаммияти калон доранд, аммо нишонаҳои сустшавӣ ба назар мерасанд. Ҳиссаи интиқоли маблағҳо дар даромади хонаводаҳо дар солҳои 2025–2026 нисбат ба сатҳи соли 2024 ду баробар коҳиш ёфтааст, дар ҳоле ки хонаводаҳо бештар ба музди меҳнат ва шуғли мустақил такя мекунанд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад