МУВАФФАҚИЯТЧолишҳои табиат аз нигоҳи кӯдакону ҷавонон

Чолишҳои табиат аз нигоҳи кӯдакону ҷавонон

-

Муаррифии маҷмӯаи нави кортҳои тасвирии омӯзиши иқлим. Шаҳри Душанбе

Маҷмӯаи нави кортҳои тасвирии омӯзиши иқлим дирӯз, 26 феврал дар дафтари СММ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Матолиб аз ҷониби ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия шудааст. Ин чорабинӣ нахустин муаррифии расмии нусхаи тоҷикизабони лоиҳа дар Тоҷикистон буда, имкони истифодаи онро дар мактабҳои саросари кишвар фароҳам овард.

Ташаббуси Turn It Around аз ҷониби CAPS Unlock дар ҳамкорӣ бо дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато, дар шарикӣ бо Эътилофи Осиёи Марказӣ оид ба омӯзиши иқлим ва Донишгоҳи иёлати Аризона амалӣ мегардад. Маҷмӯа ҳамчун воситаи амалӣ барои истифода дар синфхона таҳия шуда, барои хонандагони аз синфҳои ибтидоӣ то болоӣ пешбинӣ шудааст. Ҳар як корт тасвир ё андешаи кӯтоҳе аз муаллифи ҷавон аз минтақа ва саволҳо барои баҳсро дар бар мегирад, ки хонандагонро водор месозад, масъалаҳои глобалии иқлимро бо воқеияти ҷомеаи худ пайванд диҳанд.

Мутахассиси сиёсати маорифи CAPS Unlock Сауле Каликова таъкид кардааст, ки меҳвари лоиҳа садои худи кӯдакон аст.
«Кортҳо тамоми гуногунрангии хатарҳо ва чолишҳои иқлимиро, ки кишварҳои мо бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастанд, инъикос мекунанд.», — гуфтааст ӯ.

Ба таъкиди ӯ, кӯдакон дар бораи аз байн рафтани гуногунии биологӣ, обшавии пиряхҳо, камбуди эҳтимолии об дар оянда, ифлосшавии ҳаво ва амнияти озуқаворӣ сухан мегӯянд. Дар расмҳо ва матнҳои онҳо тамоми мавзуъҳои калидии баррасишаванда дар ҳамоишҳои байналмилалии иқлимӣ ҷой доранд.

Аз моҳи ноябри соли 2024 то феврали 2025 ба лоиҳа 1 465 дархост аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид гардидааси. Пас аз арзёбии техникӣ ва интихоби комиссияи минтақавии байнисоҳавӣ 68 кор ба маҷмӯаи ниҳоӣ шомил шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар лоиҳа 935 кӯдак ва донишҷӯ аз беш аз 150 маҳалли аҳолинишини минтақа иштирок намуданд.

Муҳибулло Низомзода, сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ташаббус истиқбол намуда, аҳамияти ворид кардани мавзуи тағйирёбии иқлимро ба барномаҳои таълимӣ таъкид кард.
«Бисёр муҳим аст, ки мавзуи тағйирёбии иқлим ва экология ба барномаҳои мактабӣ ворид карда шавад.», — гуфтааст ӯ.  Ба бовари ин мутахассиси вазорат, кӯдакон бояд дар ин бора донанд.

Бино ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, хисороти вобаста ба тағйирёбии иқлим ба зерсохтор, кишоварзӣ ва чорводорӣ метавонад то соли 2050 дар сурати набудани чораҳои зарурӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии воқеии Тоҷикистонро 5–6 фоиз коҳиш диҳад. Зарари солона аз таназзули замин аллакай тақрибан 325 миллион долларро ташкил дода, метавонад то миёнаи аср ду баробар афзоиш ёбад. Ифлосшавии ҳаво ба 84 ҳолати марг ба ҳар 100 ҳазор нафар рост меояд — яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар Осиёи Марказӣ. Тағйироти иқлимӣ метавонад ҳудуди 100 ҳазор нафари дигарро ба вартаи камбизоатӣ барад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад