ҲАЁТИ СОЛИММалайзия Grok-ро ба додгоҳ мекашад

Малайзия Grok-ро ба додгоҳ мекашад

-

Мақомоти Малайзия эълон карданд, ки алайҳи платформаи иҷтимоии X-и Илон Маск ва бахши зеҳни сунъии он — xAI чораҳои додгоҳӣ меандешанд. Онҳо ширкатҳоро бо нотавонӣ дар таъмини амнияти корбарони чат-боти Grok муттаҳам мекунанд.
Ин тасмим ҳамагӣ чанд рӯз пас аз он гирифта шуд, ки Малайзия ва Индонезия аввалин кишварҳое шуданд, ки дастрасӣ ба Grok-ро масдуд карданд. Сабаби чунин тасмим нигарониҳои афзоянда аз он буд, ки хадамот барои эҷоди тасвирҳои ҷинсии ошкоро ва тасвирҳои бе ризоияти шахсони дар онҳо тасвиршуда истифода мешавад.
Комиссияи алоқа ва мултимедияи Малайзия дар изҳороте гуфт, ки ҳолатҳои сӯиистифода аз Grok барои эҷод ва паҳн кардани муҳтавои зарароварро ошкор кардааст. Ба гуфтаи онҳо сухан дар бораи муҳтавои ҷинсии ошкоро, ғайриахлоқӣ, хеле таҳқиромез ва ҳамчунин тасвирҳои таҳрифшуда меравад, ки бидуни ризоияти шахсони тасвирёфта сохта шудаанд.
Комиссия гуфт, ки дар ҳамин моҳ ба X ва xAI огоҳиномаҳо бо талаби ҳазфи муҳтавои зараровар ирсол шуда буданд, аммо то ҳол чораҳои дахлдор андешида нашудаанд.
Танзимгарон дар ду кишвари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ изҳор доштанд, ки чораҳои мавҷудаи назоратӣ барои ҷилавгирӣ аз эҷод ва паҳншавии порнографияи қалбакӣ, бахусус бо иштироки занон ва ноболиғон кофӣ нестанд.
«Ҳукумат дипфейкҳои ҷинсиро, ки бидуни ризоият эҷод мешаванд, ҳамчун нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, шараф ва амнияти шаҳрвандон дар фазои рақамӣ арзёбӣ мекунад.», — изҳор дошт Меутя Хафид, вазири алоқа ва технологияҳои рақамии Индонезия.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад