ҲАЁТИ СОЛИМРубен Аморим аз вазифаи сармураббии "Манчестер Юнайтед" барканор шуд

Рубен Аморим аз вазифаи сармураббии «Манчестер Юнайтед» барканор шуд

-

Рубен Аморим аз вазифаи сармураббии дастаи футболи «Манчестер Юнайтед» озод карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳ хабар медиҳад.

То таъйини сармураббии нав, вазифаи иҷрокунандаи сармураббии дастаро Даррен Флетчер ба уҳда мегирад.

Мутахассиси 40-солаи португалӣ Рубен Аморим моҳи ноябри соли 2024 роҳбарии «Манчестер Юнайтед»-ро ба зимма гирифт. Дар давраи фаъолияти ӯ даста ягон унвон ба даст наовард, ҳарчанд ба финали Лигаи Аврупои мавсими 2024/25 роҳ ёфт.

Бозии охирини «Манчестер Юнайтед» таҳти роҳбарии Аморим 4 январ баргузор шуд, даста бо «Лидс» бо ҳисоби 1:1 бозиро мусовӣ анҷом дод. Айни ҳол клуби Манчестер дар ҷадвали Премйер-лигаи Англия дар ҷойи шашум қарор дорад.

Бозии навбатии «Манчестер Юнайтед» рӯзи 7 январ бо «Бернли» рақобат хоҳад кард.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад