ҲАЁТИ СОЛИМДелси Родригес: Мо ба ҳолати колония барнамегардем

Делси Родригес: Мо ба ҳолати колония барнамегардем

-

Делси Родригес, муовини президенти Венесуэла изҳор доштааст, ки Венесуэла ба колония табдил нахоҳад ёфт.
Додгоҳи олии Венесуэла муовини президенти ин кишвар Делси Родригесро иҷрокунандаи вазифаи президент таъйин кард. Ин тасмим бо зарурати ҳифзи тартиботи конститутсионӣ дар робита ба «рабуда шудани» раҳбари феълӣ гуфта шудааст.
Қаблан Доналд Трамп изҳор дошта буд, ки ИМА метавонист идораи кишварро дар давраи гузариш ба уҳда гирад, аммо ин корро намекунад, агар Родригес «иродаи Вашингтонро амалӣ намояд».
Дар посух Родригес таъкид кардааст, ки кишвараш «ба колонияи ҳеҷ кас табдил намеёбад» ва  раҳоии Мадуроро талаб намуда ваъда додааст, ки захираҳои табиии кишварашро ҳимоя мекунад.
Тибқи Конститутсияи Венесуэла, дар сурати ғоиб будани президент ӯро муовини президент ба муҳлати 90 рӯз иваз мекунад. Ин муҳлат метавонад бо қарори вакилони парлумон боз барои 90 рӯзи дигар тамдид шавад.
Делси Родригес яке аз чеҳраҳои калидии роҳбарияти Венесуэла ва аз наздиктарин ҳамкорони президенти кишвар Николас Мадуро ба ҳисоб меравад.
Солҳои 2014–2017 ӯ вазифаи вазири корҳои хориҷии Венесуэларо иҷро кардааст. Соли 2018 ба мансаби муовини президенти ҷумҳурӣ таъйин шуд ва нахустин зане гардид, ки ин вазифаро ишғол намудааст.
Дар ҳукумати Мадуро ӯ бахши иқтисодӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва чораҳои зиддибуҳрониро дар шароити фишори таҳримҳо ҳамоҳанг мекард.
Аз соли 2020 инчунин роҳбари комиссияҳои муҳими иқтисодӣ буда, барои робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, энергетика ва суботи молиявии кишвар масъул аст.
Трамп аз Родригес чӣ талаб кард.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад